Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

–Бале. Оё нафаҳмидед, ки зану фарзанди Солеҳ Ҷалил дар куҷоянд?
– Ҳамсараш, ҳамоне ки то кунун дар қайди никоҳи ў будааст, дар иттиҳодияи истеҳсоли Зайнабибӣ кор мекардааст.
– Ҳоло чунин иттиҳодия ҳаст?
– Ҳоло не. Эҳтимол он иттиҳодия акнун ба даҳҳо артелҳои хурд табдил ёфтааст ва ба гумон аст, ки Дон - Жуан ҳам солҳои охир ёди зану фарзанди хеш карда бошад.
– Дар се соли охир мумкин ў ёди фарзанду ҳамсараш накарда бошад, вале се сол пештар чӣ?
– Инашро намедонам.
– Ба ҳар ҳол як бор ба шаҳр рафтанатон лозим мешавад.
– Шояд Гурезовро фиристед?
– Гурезов то кунун таҷрибаи дурусти корӣ надорад ва ба гумон аст, ки…
– Уқобро парвоз уқоб кардааст ва уқобе, ки қобилияти парвоз надорад, уқоб нест.
– Дониши Гурезов бад нест, вале вақт интизор намешавад.
– Ба умеди вақт шуда…
– Шояд гуфтаниед, ки ба умеди мо шуда…
– Ҳақиқат талх аст, вале онро гуфтан беҳтар.
– Майлаш, гап занед.
– Мардум дар ин бора мегўянд, ки “ба умеди чоруқи анбунӣ, пота дар хор намунӣ.”
– Ё “ба умеди ҳазрати Баҳоваддин нашаву буттарро маҳкам дор.”
– Инаш ҳам дуруст, вале сухан дар ин ҷо вазнинтар омадагӣ.
– Майлаш, ман розӣ. Гурезовро ба шаҳр мефиристем, вале шумо мисли супориши ҷудогонаи муфаттиш ба ў дастуре навишта диҳед. Охир ба гумон аст, ки Ғаюр Наботович ин дафъа муҳлати сафари хизматии шуморо дарозтар кунад.
– Хафа нашавед, рафиқ подполковник, оё нашунидаед, ки гуфтаанд: “Ба талбанда чӣ медиҳанд?”
– Эй ман қоил, ба талбанда аслан харбузаи каҷак медиҳанд, вале ман ҳаргиз худро ба талбанда ва шуморо ба харбузаи каҷак ташбеҳ намедиҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё