Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Мегўянд барои шахсро фаҳмидан шарт нест ҳамроҳаш як пуд намак истеъмол намоӣ. Андешаи шумо дар бораи Собири Файз?
– Ў ба ман маъқул нашуд.
– Чаро?
– Чунки ҳар як сухани беғаразонаи бандаро чун девори намкаш ў ба дил ниҳоят наздик қабул кард ва гумонҳои маро доир ба гунаҳкории хеш бештар сохт.
– Ўро магар аз ин куштор манфиате ҳаст?
– Намедонам.
– Ақидаи шуморо дар ин бора донистан мехостам?
– Ҳарчанд методҳои дедуктивӣ, қобили қабули банда набуданд, вале мебинам ҳоло моро аз он роҳи гурез нест.
– Истифода набурдани усулҳои дедуктивӣ ин бар зарари худи мост.
-Русҳо як мақоли аҷибе доранд дар ин ҷода.
– Шояд шунавем.
– Он қадар сухани хуб ҳам нест, боз нашаваду шумо онро чун Собири Файз ба дил наздик қабул намоед.
– Сухани рост ҳамеша талх аст, вале то кунун бемореро бо шакар муолиҷа накардаанд. Умуман, ҳамаи наботот ва гиёҳҳои шифобаш низ талханд ва онҳо ба дарди мардум даво мешаванд. Рафту ҳамон мақоли русӣ минбаъд дар кори мо ёвар шавад, нуран аллонур мешуд.
-Шуниданаш мункин?
Дурная голова ногам покоя недаёт.
– Ҳамаи мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ин аз таҷрибаи рўзгор гирифта шудаанд ва аз рўйи онҳо амал кардан танҳо ба манфиати мост. Шояд то ба ин давр истифода набурдани усули мантиқии тафаккур ин хатои худи мо буд, аммо ҳама кор вақту соат дорад ва имрўз, ки мо дар куштори Раънои Носир мақсадро муайян карда натавонистем, месазад, ки катакчаҳои майнаи хешро дурусттар сари ин масъала ҷалб намоем.
– Ба фикрам, моро роҳи дигар нест, – гўён сардори ШКД ба суҳбати хеш нуқта гузошт. Баъди тасдиқи нақшаю чорабиниҳои пешниҳоднамудаам коғазҳои бурдаамро аз нав ба ҷузвдони коғазие андохта, аз дар баромадам.
*** Ҷисми банда тайи як шабонарўзи охир он қадар хастаю афгор шуда буд, ки ҳисобаш гум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор