Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Катакчаҳои майна ҳам қариб қобилияти андешарониро аз даст дода буданд. Ба назар чунин мерасад, ки дар сарам майна нею аррамайда пур кардаанд. Болои бистари мулоим ҳам худро нороҳат ҳис намудам. Аз он занги субҳгоҳи ҳанўз як шабонарўзи пурра нагузашта бошад ҳам, ба назар чунин мерасид, ки солҳо ман дар ин гирдоб баҳри наҷоти хеш дастак мезанам. Аҷаб рўзе буд, рўзи дарозтар аз қарн.
Шабнамро кайҳо хоб бурда буд. Ман аз нафаскашиаш фаҳмидам, ки ў хоб аст. Дишаб ў ҳам дер хоб шуд ва сари субҳ бо садои он занги бармаҳал бедор шуд. Шояд натиҷаи ҳамин буд, ки баробари ба бистар даромадан хоб бар ў ғолиб омад.
Умуман, ин танҳо ба манфиати банда буд. Ман акнун имконияти бештаре доштам, ки дар танҳоӣ сари воқеаҳои рўзи гузашта андеша намоям. Гоҳ - гоҳ ба воситаи “оинаи нилгун” шоиронро мебинам, ки шабро манбаи илҳоми хеш маънидод мекунанд. Тавба, ана гапу мана гап. Илҳом дар шаб. Пас онҳо дар рӯз ба чӣ корҳо машғуланд. Боз кадоме аз ҳамин шабзиндадорони сухандону суханофарин гуфтааст:
Паша аз шабзиндадорӣ хуни мардум мехӯрад, Зинҳор аз мардуми шабзиндадор андеша кун, Аслан ин мисраъҳо маҳсули таҷ , ба ёд оварда наметавонистам, вале як чиз мусаллам аст, ки онҳоро шоир гуфтааст. Онҳое гуфтаанд, ки шабзиндадориро мазаммат намудаанд ва боз худ шабзиндадоранд.
– Гумонҳои ботилро аз сарат дур намо, ҳар он чи ки шоирон гуфтаанд, ин қатрае аз таҷр Охир шаб ҳам ҳолатҳои неку бади хешро дорад ва агар он барои бархе манбаи илҳом бошад, барои гурўҳи дигар манбаи даромад аст. Қариб кулли ҷиноятҳои дунё дар шаб амали мешаванд. Чи дуздӣ ва чи одамкушӣ. Далел мехоҳӣ? – Марҳамат, дур нарафта ҳамон ду ҷинояти ба мо маълумро мавриди назар қарор медиҳем. .
– Кадом ҷиноятҳоро?
– Марги дўстони ҳамин хонадонро. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ҳодисаҳо шаб ба вуқуъ пайвастаанд. Пас саволе ба миён меояд, ки дар ҳарду ҳолат1 кӣ гунаҳкор аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор