Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ба ҷуз шабзиндадор боз кӣ мешуд. Ту бошӣ, шоирони бечораро, ки ба хотири илҳом шабзиндадорӣ мекунанд, гунаҳкор карданӣ мешавӣ. Онҳоеро гунаҳкор карданӣ мешавӣ, ки дар меъроҷи сухан пас аз паёмбар меистанд.
Дигар ҳолат мешуд ман ҳамин хел ба осонӣ мағлубияти хешро ба душ мегирифтам, вале имшаб ман ҳеҷ натавон ҳамон гуфтугӯӣ телефониро бо муштарии ношинос аз лавҳи хотир дур намоям...
Шабнам паҳлу гашт ва дасти ў ба китфам бархўрд.
Мисли оне ки вуҷӯди касро мавҷи ҷараёни хурди асбобҳои барқӣ ба ларзиш меоранд аз ин «зарбаи» - и нобаҳангом фикру андешаҳои дар майнаам даврзананда мисли селаи турнаҳои рамида яку якбора парида рафтанд.
Хона ҳанўз дар оғўши зулмот буд ва ҳамин ҳолат маро аз чашми тезбини Шабнам ҳифз мекард. Ў то ҳанўз масти хоб буд ва ё кайҳо бедор шудаву хомўш нишаста ман нафаҳмидам. Дасташ ҳамоно болои китфам буд, вале баҳри аз он халос шудан ман кўшише ба харҷ надодам. Бигзор гумон созад ки ман хобам. Мудате боз сари ташрифи дирўзаи майори милиса Абдумаҷидов андеша намудам, андешаҳои бесару нӯг борҳо б партофтанд, вале ба хулосае омада натавонистам. Ташнагии зиёдро ҳис карда, дасти Шабнамро аз китфам бардошта болои болишт гузоштам ва аз ҷой бархеста, барои обнӯши ба ошхона рафтам. Чун об нӯшида баргаштам каломи ҳамсар чун оҳанги дареғ ба гӯшам расид:
-Оҳ-ҳо чунон хобам бурдааст, ки... - гӯён Шабнам аз ҷой бархеста чароғро фурӯзон кард Субҳ медамид...
Дирўз ҳангоми вохўрӣ бо Абдумаҷидов муфаттиши
прокуратура Бобо Самад тарафҳои техникии корро дар
ҳодисаи бавуқўъпайваста дар асоси моддаи 45 Кодекси
мурофиави ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи хеш
1 Манзур шаб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор