Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агар касе мебуд, ба ҷуз парвоз кардан наметавонист аз он маҳал берун барояд. “Ҷўйро ман парида гузаштаму оҳашро бародарам кашид!” - гуфтагӣ барин баъди хулосаи ташхисгари тиббӣ - судӣ Баҳриддин Давлатович ҳама сари андеша фурӯ рафтанд...
Имрўз бошад, пеши дари ҳуҷраи кории хеш ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов ҳангоми кушодани дар аввалин падидаеро чун нур дар зулмот эҳсос кард. Ў ҳамоно калидро аз қисми дигар, ё чӣ хеле мегўянд, аз дохил ба сӯрохи қулфи дар ҷо ба ҷо намуд ва аз берун ба он назар афканд. Ў бисёр кўшид то роҳи тоб додани калидро дарёбад, вале ҳама талошу кўшишҳояш барабас рафтанд. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, андешарониҳояш сари ин муаммои бесару нўг бештару бештар шуд.
Дар ҳақиқат, он касе ки қасди ҷони Раънои Носир намуда буд, ба ҷуз дар бо дигар роҳ рафта наметавонист ва баҳри собит сохтани ҳамин ҳолат Афлотун будан ҳам шарт набуд.
Рафту агар қотил нияти аз тиреза фирор кардан мекард, албатта, то ба пеши яке аз тирезаҳо рафтанаш лозим буд. Дар он сурат ў аздусар нақши пой ва ё дастони хешро дар он ҷо мемонд ва ё баҳри аз байн бардоштани изҳои мондашуда талоше ба харҷ медод. Аз лаҳзаи аввали ба ҷойи ҳодиса рафтани нозири минтақавӣ, намояндаи хоҷагӣ коммуналӣ ва ҳамсоязан Обидаи Баҳром низ ба нафъи ҷинояткор буд, чунки онҳо қариб ҳамаи изу нақшҳои то он лаҳза мондаро бо ҳаракатҳои ноҷойи хеш ба хок яксон намуда буданд.
Калиди аз дарун ба сӯрохии дар гузошташударо имконияти аз берун тоб додан набуд ва маҳз ҳамин ҳолатро ҷинояткор ҳадафи аслии хеш қарор дода, боварӣ дошт, ки тафтишот аз рўйи ҳамин масъала ба худкушӣ даст доштани Раънои Носирро арзёбӣ мекунад.
“Пас чӣ тавр ў аз ҷойи ҳодиса тавассути дар фирор кардаву дарро маҳкам намудааст, модоме ки калиди дар сӯрохӣ аз дарун мондаро имконияти аз берун тоб додан набудааст?” – нидо омад аз қалбаш.
– Ана, ҳамин аст муаммои асосӣ дар ин ҳодиса, - гуфт Абдумаҷидов ва суханони Воҳид Камол – «дурная голова ногам покоя не даёт» - ро ба хотир оварда, аз «исёнгароне», ки дар ду марҳила ғолиб омада буданду нияти ба марра расидан доштанд, ёрӣ талабид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор