Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Исёнагаре, ки дар ҳуҷҷатҳои довар таҳти рақами чор муаррифӣ мешуд, ақидаи ниҳоят илмие пешниҳод кард, ки матлабаш айнан чунин буд:
– Ҷинояткор ба маҳфил бо тайёрии пешакӣ омадааст. То содир кардани ҷиноят ҳамаи тарафҳои масъаларо бо ҷузъиёти майдатарин андешидааст. Ба замми ин, мақтул низ аз ӯ ҳаросе надоштааст. Умуман, калиди дар сўрохии дармонда дар он лаҳзаи тақдирсоз кореро анҷом надодааст, чунки онро ҷинояткор баҳри аз худ дур афкандани ҳама гуна шубҳа ва гумонҳо гузоштааст ва то андозае ин кор ба ў даст додааст.
Исёнгар бар он ақида буд, ки ҷинояткор аз қисми даруни дар калидро дар сӯрохӣ ҳамоил монда, бо калиди дуюм аз берун дарро маҳкам карда ва он калиди ҳамоил бударо тавассути ягон қуввае ба маркази қулф кашидааст.
Акбар Ҳакимович дар муқобили далелҳои пешниҳодкардаи «исёнгари довталаб» истодагарӣ карда натавониста, баҳри аз варта раҳонидани хеш дарро кушода, вориди утоқи кориаш шуд.
Чун рўзҳои охири моҳи сентябр ҳаво гарм буд, ҳангоми ба дафтари кории Воҳид Камол рафтан тирезаро маҳкам накарда буд ва акнун баробари вориди утоқи корӣ шудан хатои хеш фаҳмид.
Борони шиддатгирифта бо шамол омехта шуда, на танҳо пештахтаи тиреза, балки қатраҳои алоҳидаи он то болои мизи корӣ расида, варақаҳои дар як гўшаи миз бударо намнок карда буд.
Майори милиса ҷузвдони коғазиро, ки дар дохили он нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷўӣро гузошта буд ва лаҳзае пеш Воҳид Камол имзои мубораки хешро дар тасдиқи онҳо дареғ надошт, болои сейфи оҳанин, ки дар паҳлуи чапи мизи кориаш меистод, гузошта, варақҳои таршударо афшонд ва дар гўшаи рости мизи корӣ гузошт. Назди тиреза рафта, онро бо эҳтиёт пўшид. Қатраҳои борони ба шишаи тиреза зада, ки чун оби ҷӯй аз боло ба поён шорида мефаромад, шонаҳои нигорро ба ёд меовард:
Аз тиреза ҷў кашидани боронро, Мебинаму шонаи туро мебинам, Борон торафт шиддат мегирифт ва садои ба тиреза бархӯрдани он, бо садои соати рўимизӣ ҷўр шудан мехост, вале ин садоҳо ҳеҷ бо ҳам омехта нашуда, садои мусиқии ноҷуреро ба хотир меовард.

пешина
аз 513
навбатӣ