Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Аз чӣ бошад, ки Абдумаҷидов саҳфаи хотироти хешро баъди анҷоми борон ҳам варақгардон кард. Ў боз он шаби боронию ҷангали Регак ва нақли бобояшро, ки тамоми шаб нахуфта, баҳраш гулхан афрўхта буд, ба ёд овард.
Мавҷи андешаҳо вайро аз назди гулхан ба баҳри бузурге партофтанд ва дар талоши дарёфти ҳақиқат дигарбора ба шишаи тиреза бо ангушташ калимаи «SOS»1-ро баҳри борон ирсол намуд. Чун шамол қатраҳои боронро бо тамоми шиддат ба шишаи тиреза мезад, интизорияш тӯл накашид ва бо аввалин аломати ҷавобӣ нуқтаҳои ин алифбои оламшумулро рўйи коғаз овард.
Аз рўйи нақли бобояш авлоди модарии ў аз деҳаи Сайдони деҳшурои Сағирдашт будаанд.
Бибикалонаш Моҳхоним духтари Шоҳғариб буда, хоҳаре доштааст бо номи Шоҳзода.
Шоҳзодаро писаре будааст бо номи Дод.
Аз Дод писаронаш Хол, Диловар ва Кишвар.
Шоҳғарибро бародаре будааст бо номи Шоҳабдулло.
Фарзандони Шоҳабдулло: Сиёҳак, Мирзо, Давлатшоҳ, духтаронаш Давлатбӣ ва Зоғак.
Фарзандони Сиёҳак: Иззат ва Савлат.
Аз Мирзо:-Ризо ва Сафармоҳ.
Аз Давлатшоҳ:-Аслбегим.
Аз Зоғак:-Абдураҳмон, Абдураҳим, Моҳистон, Гулсимо ва Гулбаҳор.
Аз Давлатвӣ:-Амир, Муҳаммадӣ, Ирон ва Риёзат.
Борон қатъ гардид ва дигар навое аз шишаи тиреза ба гўш нарасид. «SOS» хизматашро дар дарёфти шаҷараҳо то андозае анҷом дод.
-Эй борон, борон, - зери лаб гуфт ӯ ва аз ҷой бархеста тирезаро кушод. Ба машомаш бўйи тозае, ки дар тасвираш беҳтарин дегустатор2 ҳам оҷиз, аст, расид.
Бўйи борон, ки бо хок омехта шуда буд, аз тирезаи кушода вориди дафтари кориаш гашт. Имрўз борон бо қудуми муборакаш дафтари хотироти ўро варақгардон кард,
1 «SOS» – Бонги талаби ёрӣ дар баҳр, ки маънои “ҷони моро наҷот диҳед!” - ро дорад.
2 Дегустатор – бўйшинос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор