Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

гузаштагонро (илоҳо рўҳашон шоду манзили охираташон обод бошад!) ба ёд овард.
Аз зери пардаи ҳарири абр оҳиста – оҳиста офтоб ҷамоли оламнамои хеш фурўзон кард ва қатраҳои борони болои барги дарахтон чун донаҳои алмос дар нигини ангуштарин ҷило доданд. Манзараеро аз ин зеботар дидан нашояд, вале ҳамаи ин дурахшу ҷилоҳо чун даврони бачагӣ абадӣ набуд, ки Абдумаҷидов аз он таассуф хўрд.
– Зиндагиро бо ҳама неку бад ва каму бешаш шукр гуфтан лозим, вагарна кас назди Худои азза ва ҷалла осӣ хоҳад шуд,–мегуфт бобояш, ки аз панҷ бародар худаш танҳо монда буд. Ҳама гуна таассуф ин як нишонаи эътироз ба Офаридгор аст. Бубин, Парвардигор ба ҳазрати Аюб чӣ кард ва чӣ сабру таҳаммулеро дар ниҳоди ў дарёфт, – ба ёд овард нақли бобояшро.
Боди серуне мавҷи хаёлоти ўро аз дуриҳои дур то ба соҳили наздик партофт.
Қатраҳои ашкро дар рухсораҳои ҳамсар пеши назар оварда, дилаш сиёҳ шуд. Он чунон сиёҳ, ки ў ҳатто қатраҳои боронро дар болои барги дарахтон надид ва ғубори пеши чашмонаш, ки онро ҷуз сўзи волидайн дигар чизе гуфтан нашояд, ҷилои алмосро дар нигини ангуштарин хира кард…
Дар бораи хун ва қобилияти шахшавии он фикр карда истода, саҳфае аз дафтари хотироташ варақгардон шуд.
Дирўз ў дар утоқи кории муфаттиши прокуратура ба хулосаи ташхиси тиббӣ шинос шуда фаҳмид, ки хуни нафаре рехтааст, ки аз рўйи резус манфӣ ва аз рўйи гурўҳ сеюм будааст. Ба чунин намуди хун беморхонаҳои шаҳрӣ ҳамеша эҳтиёҷ доранд, вале ба гумон буд, ки шахси дар қатли ҷавонзани аз сад гулаш як гулаш нашукуфтааст даст дошта, боре ҳам дасти бемореро гирифта бошад.
Чун мақсад ва мароми қотил маълум набуд, ба ҷуз гузаш
-тан ба усули мантиқии тафаккур дигар чорае намонда буд.
Ҳамаи маълумоти то ин лаҳза гирдовардашударо Абдумаҷидов барои санҷиши дақиқ ба системаи асаби хеш равона кард. Мисли он ки мошинҳои электронии ҳисоббарор ҳар сония ҳазорҳо амалиётҳои гуногуни ҳисобу китобро дар монитори хотироти хеш ҷо ба ҷо мекунанд, катакчаҳои майнаи ў низ ҳамоно аз пайи иҷрои супориш шуданд ва чӣ задухўрде баҳри дарёфти ҳақиқат миёни он катакчаҳои ба ошўбомада бархост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор