Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Қиёмат шуд, қиёмат. Дигар саг соҳибашро намеёфт ва ҳамаи ин исёну ошўбҳо баҳри ишғоли мақоми ифтихорӣ дар озмӯн буд.
Хайрият, телефон занг зад ва ў гўшакро бардошт.
Замиров соати 17 аз остонаи прокуратураи шаҳрӣ берун омада, лаҳзае болои зинаҳои пеши бино истод, то бубинад мошини хизматиаш дар куҷост. Ронанда аз дур ӯро дида, зуд муҳаррикро ба кор андохта, лаҳзае пас дар рў ба рўйи даромадгоҳ истода, дарро кушод.
Замиров аз андешаҳои хеш берун шуд, ки боз чанд қадами дигар дар зинҳао гузошта поён фаромад ва ҷисми лакоту хастаи хешро дохили салони ГАЗ-31 партофта гуфт:
– Ба идора!
Ронанда мошинро ба тарафи чап тоб дода, ба роҳи калон баромад. Вай ҳамагӣ ду моҳ боз дар хизматии прокурор аст ва ҳамин ду моҳ худро дар қафас ҳис намуд. Танҳо худи ҳамин рўз панҷ соат аз идораи прокуратураи шаҳрӣ баромадани шефашро интизор шуд. Не, ҳамонаш беҳтар буд, ки ў бо мошини КАМАЗ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ борҳои хоҷагии халқ мебурд. Ҳарчанд дар ҳар як сафар қариб як ҳафта дар хона набуд, вале дар ихтиёри худаш буд. Озод буд.
Ҳоло бошад, мисли кабки дар қафас. На кораш маълуму на бекориаш. Тамоми рўз пеши кадом як идорае дар интизорӣ.
Соате пештар ў аҳд кард, ки чун шеф биёяд, масъалаи аз кор рафтанашро мегузорад, вале ҳоло ки рангу рўйи прокурорро дид, аз ҳоли худаш фаромўш намуд. Ба хулосае омад, ки ин чанд соат ба гўши прокурор он қадар азон гуфтанд, ки ҳисобаш гум.
Дар ҳолате ки ронанда сари андешаҳои хеш буд, Замиров суҳбати имрўзаашро дар прокуратураи шаҳрӣ бо роҳбарият ба ёд овард. Аҷаб замонае шудааст, ҳама “ман” мегўянд, ҳама худро нишон додан мехоҳанд, ки бубинед ман кистам. Ҳама чун муаззини масҷид овози хеш баланд мекунанд, вале ягон кас роҳу равиши кор ва аз кадом нўги гиреҳ доштанро тавсия дода наметавонанд. Дар пеши даҳони касе кутал нест, ҳарчи бар забон омад, гуфтан мегиранд. Чӣ дунёе? Касби беҳтарин ҳамин касби ронандагист. Худат ҳокими мутлақи хеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор