Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ту бояд андешаи милсаро не, балки андешаи аниқтараш қарзи шаҳрвандии хешро мекардӣ, он тарафашро вай медонисту милиса.
– Ман гунаҳкорам, ҷаноб.
– Мебинам, ки бегуноҳ нестӣ. Ҳамаи ин шўру мағалро ҳам асосгузораш шумоед. “Эҳтироми ҳар кас дар дасти худаш,”-гуфтани мардум беҳуда набудааст. Бубин, вақте ки банда ба сарлашкар ҷаноб гуфта муроҷиат намудам, он кас ҳам эҳтироми бандаро пос дошта, шумо гуфт:
– Сэр, мумкин ман ба ў як савол диҳам, - аз сарлашкар пурсид хоин.
– Даматро гир, мо дигар ба хизмати ту барин ватанфурўш эҳтиёҷ надорем. Модоме ки ту ҳамяроқони хешро фурўхтӣ, канӣ кафолат, ки рўзе моро нафурўшӣ?
Баред ўро ва ба дор овезедаш, бигузор ба дигарон панд шавад, то ки ба чунин роҳ нараванд.
– Сэр, сэр…
Касе аз атрофиёни сарлашкар дигар ба суханони илтиҷоомези хоин, ки дар замони муовини сардори дивизияи шашум оид ба ақибгоҳ будан, мўйлабашро табар намебурид, аҳамият надода, кашолакунон ўро аз он маҳфил берун бурданд. Аз берун ҳам суханони илтиҷоомези ў ба гўш мерасид.
– Чаро хомўш истодаӣ, гап зан? – дуюмбора суханашро такрор кард сарлашкар.
Ман ҳамон лаҳза суханони Раънои Носирро дар мизони мантиқ баркашидам ва пайвастагиеро дар ҳаракатҳои ғайриқонунии ў ва он ампулаи холии «Адреналин» надидам.
– Исбот намуданатон лозим мешавад! - дод зад сарлашкар.
– Чун ду соли охир ҳамин масъала мавриди андешаронии ҳамешагии ман буд, ман ҷавоби онро кайҳо дар дафтари хотироти дилам, ки аз монитори компютерҳои ҳозиразамон камӣ надошт, сабт намуда будам ва бо аввалин дархост ҳамон саҳфаи дафтар боз шуд.
– Бовар намоед, Собирҷон - ако, ман аз мурдани хеш хабар дораму аз мавҷудияти ин ампулаҳои зормонда не. Ман ҳатто ба гўшаи хотир ҳам оварда наметавонам, ки чӣ тавр ин ду ампулаи зормондаи «Адреналин» дар дохили қуттии «Дибазол» пайдо шуданд.

пешина
аз 513
навбатӣ