Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дар ҳақиқат, гуноҳи ман ҳамин, ки пеш аз истифодабарӣ навиштаҷоти он ампуларо нахондам.
Ман худро дар марги мўйсафед гунаҳкор меҳисобам ва ба ҳама гуна ҷазо сазоворам, боқӣ ихтиёр шуморост. Танҳо фаромўш накунед, ки ман гуноҳе надорам. Агар ман гунаҳкор мешудам, ҳеҷ гоҳ сўзан ва ампулаи холиро ба ахлотқуттии ошхона намепартофтам. Шумо ин ҳолатро бояд аз дигарон бештар дарк намоед, чунки аз рўйи гуфти худораҳматӣ тамоми умр дар милиса кор кардаед.
– Агар шумо бегуноҳ мебудед, чаро ба ман доруи хоб додед ва ба замми ин гуфтед, ки худораҳматӣ дар рўйи дастони ман ҷон дод?
– Инро инкор намекунам. Баъди сўзандору гузаронидан ман ба пешайвон даромада, ба шумо занг задам. Пеш аз занг задан ман сўзан ва ампулаи истифодашударо ба ахлотқуттии ошхона оварда партофтам ва сипас ба шумо занг задам. Боз каме дар ошхона ҷунбуҷӯл намуда, сипас ба хонаи хоб даромадам. Он чӣ ки дидам, ба гуфтан забонам намегардад.
Мўйсафед кайҳо ҷон дода буд. Ман ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовардам, ки сабабгори марги ў худи манам. Чун аллакай шуморо ҷеғ зада будам, дар таҳлука афтодам ва ҷисми мўйсафедро аз рўйи расму русуми мусулмонӣ болои фарш гузоштам, чашмонашро молиш дода пўшонидам, манаҳ ва ду нарагушти пояшро наздик монда бастам. Ман тайи як сол дар беморхонаи шаҳрӣ ҳамшираи шавқат кор намудам ва на як бору ду бор чунин амалиётро дида будам.
Дар ҳамин вақт занги дар садо доду ман рафта онро кушодам ва шуморо дар рў ба рўям дида, қариб шах шуда будам.
Ниҳоят худро ба даст гирифта, шуморо ба хона таклиф намудам ва монеаи он шудам, ки ба он ҳуҷра надароед. Чун ба посухатон ҷавоб гуфтаму шумо бовар кардед, фикре ба сарам зад. Ман ба ошхона рафта ду дона таблеткаи демидролро майда карда, ба таги пиёла мондам ва сараввал дастурхон густурда, сипас пиёлаву чойникро ба меҳмонхона овардам. Доруи таги пиёларо бо каме чой маҳлул намуда, баробари ба сари дастурхон омадан дар ҳузури худатон ба пиёла чой рехта, бо дасти адаб ба шумо дароз кардам. Расо баъди бист дақиқа шуморо хоб бурд ва ман бемалол ҷисми шуморо то болои бистаратон бурдам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор