Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳамаи ин беҳ аз он аст ки мардум ўро бо ангушти хеш чун порадеҳ нишон диҳанд. Магар баъди чунин амал ў метавонад бо ҷинояткорон мубориза барад. Охир порадеҳӣ ин худ ҷиноят аст ва замин мардуми порадеҳро чӣ хел бардоштааст, ў намедонад. Оё Маннони Ҳусейн намефаҳмад, ки ў занбӯрпарвар нест, пас чӣ тавр баҳри ў як кўза асал фиристад?
Аз куҷо гирад ё ў низ аз ягон зердаст ҳамин чизро тамаъ намояд. Пас фарқ миёни ў ва он қотили Солеҳ Ҷалил чӣ мемонад?
Сорбони Ҳомид рост гуфт, ки порагиру порадеҳ ҳосили як палаканд ва дарди яке вуҷуди дигареро такон медиҳад.
Онҳо шаъну шарафро ба ивази мукофоти ночизе мефурўшанд. Курсии мансабро баҳри он ишғол кардаанд, то ки хуни зердастон бо ҳар роҳ бимаканд. Ба вазифа онҳоеро таъин мекунанд, ки дасту дилашон пок нест ва чун аломати савол ҳамеша пешашон дуқат мешаванд. Ҳеҷ гоҳ аз тамаъи сардор сар намепечанд. Ҳарчанд калаи холӣ доранд, вале чун Иван Калита1 муносибатро медонанд. Мақоли онҳо пора санги хораро об кардааст буд, ҳаст ва мемонад…
– Шоҳмот гуфтед?
–Бале…
Мисли оне ки пишак чарбу хоб мебинаду ғулом озодӣ баробари торик шудан Самандар аз хона берун шуда, ба поёни боғ омад ва чашмаро ба зери назорат гирифт. Баъди рафтани Ширин ў аз Муҳаббат илтимос кард, ки ягон илоҷ карда Ширинро баробари торик шудан ба сари чашма биёрад. Муҳаббат ваъда дод. Вале соатҳо паси сар шуданду аз Ширин дарак нашуд. Ниҳоят чароғҳо низ якояк хомўш шуданд ва чароғи хонаи Ширин ҳам…
– Шояд Ширин акнун имконияти аз хона берун шуданро ёбад, – аз дил гузаронд Самандар худро тасалӣ дода.
1 Иван Калита – яке аз подшоҳони рус, ки сарварони дигар мамлакатҳоро тариқи додани пора ба худ дӯст намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё