Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан, имрўз корҳояш он қадар бад ҳам набуданд. Муҳимаш он буд, ки Гурезов ба ҷавонию бетаҷрибагии хеш нигоҳ накарда, дар ҳузури он капитани ношинос гузаштаи ў ба ёд наовард. Мисли дигар милисаҳо ўро ба ҳамкорӣ даъват накард ва умуман чун инсони пок эҳтироми ў ба ҷо оварда, ҳатто то пеши дар гуселаш намуд. Капитани милиса, ки Гурезов ўро “Сорбони Ҳомид” - гўён муаррифӣ кард, марди пасту баландиҳои зиндагиро дидагӣ барин менамуд.
Самандар аз муомилааш фаҳмид, ки ӯ эҳтироми инсонро пос медорад. Бубин бо ў чунон боэҳтиром гап зад, ки ҳатто Самандари Раҳим дар милиса буданашро ҳам фаромўш кард ва ҳар он чи ки ҳамон шаб соатҳои дуву биступанҷ дақиқа шунида буд, бе каму кост гуфта дод. Чун аввали кор бобарор буд, охираш низ беҳтар шуд, чунки ҳангоми бозгашт ў дар сари чашма Ширинро дид. Ин аслан вохўрии аввалини ў бо арўсшавандааш буд ва он дар хотири Самандар абадан мемонад. Аслан агар ҳамон шўхиҳои ноҷойи Муҳаббат намебуд, шояд Ширин шитобон сари чашмаро тарк намекард. Бубин, Муҳаббат ваъда дод, ки илоҷе намуда, Ширинро барои ба вохўрӣ омадан розӣ мекунонад, вале маълум, ки Ширин нияти ба вохўрӣ омаданро надорад. Ана, аз вақти хомўшшавии чароғи хонаи Ширин расо як соат гузашт, вале ҳеҷ не ки ў берун барояд. Наход Ширин нисбат ба ман бе тафовут бошад, наход ў низ чун дигарон дар бораи гунаҳкории ман бовар кунад. Охир Худованди якка ва ягона худаш шоҳид, ки ман гуноҳе надоштам ва магар кам буд се сол бе гуноҳ дар маҳбас нишастан, ки боз Ширин ҳам имшаб ба вохўрӣ набаромад. Эй Ширин, Ширин, то кадом андоза ту дили ман рабудаӣ ва боз аз ман мегурезӣ!…
Чун моҳ фурў рафт, Самандар умедашро аз омадани Ширин канд. Аслан ў ба содагии хеш хандид. Бубин, тайи чанд соат заҳри интизорӣ кашид. Агар сода набошӣ, ба ваъдаи Муҳаббат бовар мекунӣ. Ба ҳар ҳол заҳри интизорӣ аз шаҳд барояш ширинтар намуд. Охир тайи чанд соат дар рӯшноии моҳи мунир ҳар лаҳза аз хона бурун омадани Ширинро нигарон буд. Самандар бори аввал буд, ки дар умри биступанҷсолаи хеш ба вохўрии маҳрамона баромада ва акнун ба хулосае омад, ки ҳамаи интизориҳояш бе натиҷаанд.
“Эҳтимол Ширин ин лаҳзаҳо аз оламу одам бехабар масти хоб аст,” - аз дил гузаронд ў ва ба тарафи хонаашон қадам зад.

пешина
аз 513
навбатӣ