Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд мо дафтари ашъори ў надидем, вале бо боварии том метавон гуфт, ки шеърҳояш маҳсули тафаккури баландаш мебошанд.
Ҷавону духтари зебое, ки дастобадаст рў ба рўяш омаданд, ба ў салом дода гузаштанд. Шояд борони имрўза муҳаббатро дар қалби ҳардуи онҳо бо навое ҷўр карда буд.
Ба ҳар ҳол онҳое, ки бо саломи хеш мавҷи хаёлоти ўро дар бораи Фарангис парешон намуданд, ба саҳфаи дафтари хотироташ даст заданд.
Муҳаббати аввалини ў низ дар он рўзи боронии 8 март, ҳангоме ки донишҷў Наташа Матицина нияти ба Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ азми сафар дошт, оғоз шуда буд.
Чун онҳо дар лаҳзаи аввал навои ишқро дар қалби хеш ҳис карданду забонҳо дар баёну сухан гуфтан оҷиз монданд, чатри ба духтар тақдим намудаи ҷавон баъдтар мушкилкушои ин кор шуд. Наташа хеле баъд иқрор шуд, ки муҳаббат дар қалби ў бо навои борон вуруд шуд ва шуста бурдани он ғайриимкон аст. Мардумон бар он ақидаанд, ки Офаридгор ҷонро ба ҷисми инсон бо навои мусиқӣ ҷо ба ҷо намудааст ва шояд ин ҳамон навое бошад, ки муҳаббати ҷинсҳои гуногунро баҳри такомул ва пойдории инсон омехта сохтааст. Ба ҳар ҳол он рўзи боронии 8 март русдухтар бо як нигоҳе ба дили ў пайкон зад ва тири ҷавоби дар қалби нозуки вай низ ҷойи хеш гирифт.
Ба умеди ба нақлиёти шаҳрӣ нишастан ў ба истгоҳ омад.
Одамони зиёде баъди аз кор баромадан нақлиёти ҷамъиятиро интизорӣ доштанд. Ҷавоне, ки ҳамроҳи нозанине пеши даричаи дўкони фиттафурўшӣ меистод, аз дўкондор хоҳиш кард, ки боз ҳамон суруди «Зулфи сиёҳ» - ро тоб диҳад.
Дўкондор зуд хоҳиши ҷавонро иҷро кард ва суруд танинандоз гашт:
Ҳаво борониву ман масту ў маст, Шароби арғувонӣ дар сабу маст.
Ҳама чашми сиёҳаш сар ба сар ноз, Ҳама зулфи сиёҳаш мў ба мў маст…

пешина
аз 513
навбатӣ