Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Марде аз байни нафарони дар истгоҳ буда, овоз баланд кард, вале дӯкондор сухани ў ба эътибор нагирифт, бо ангушташ рухсатномаи шаҳрдоронро, ки дар оинаи тиреза васл шуда буд, нишон дод. Шояд он марди эътирозкарда доғе ба дил дошт, вале дӯкондорро парвои ў набуд. Ҳарчанд ў сухане ҳам ба забон наовард, вале ҳамагон байни хеш гуфтанд «ҳамон буттае месўзад, ки оташ гирифтаст». Шояд шиори он дӯкондор «туро сўзад маро чӣ ғам» буд, ки ҳатто овози он мусиқӣ паст накард.
Чун автобус ба истгоҳ омад, қисми зиёди одамон худро дохили он гирифтанд. Абдумаҷидов аз тирезаи автобус дид, ки чӣ тавр он ҷавону духтари ҳамроҳаш буда дар зери навои гўшкаркунандаи мусиқӣ дар ҷояшон ғамза доранд. Вай тасвири суруди шунидаашро ба нигоҳи хеш шабеҳ доданӣ шуд, вале ранги зулфу чашмони нигорашро бо матни суруд ҳамоҳанг карда натавонист, мисли он ки борони субҳгоҳӣ ба шишаи тиреза дафтари кориаш бархўрда, бо тук туки соати рўимизӣ ҳамоҳанг нашуд, ки нашуд.
Як не, агар сад бор ҳофиз чашмону зулфони сиёҳро ситоиш мекард ҳам, муҳаббати духтареро, ки чашмони осмонирангу зулфони ҳалворанг дошт дар қалби ў паст намекард.
Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки кабудчашмак бар хилофу дину оин ва забони хеш садои дили хешро бо навои муҳаббат ҳамоҳанг сохту бо муҳаммадӣ1 мадоро кард.
Ҳамин ҳамдилӣ буд, ки мурғи бахт дар фазои ошёни онҳо парвоз кард ва ҳарду баҳри тарбияи Далеру Абдумаҷид камар бастанд.
Дирўз Наталя Василевна чун гуноҳи хеш дар парвози он уқоби навбол2 дарёфт, худро назди шавҳар музтар ва аз нигоҳи худ кафшҳои хеш пеши дар дид, бехабар аз он ки муҳаббат дар қалби ҳар кадоме бо навои борон ҷо шуда ва шуста бурдани замине, ки сероб аст, ғайриимкон. Парвози уқоби навбол бо боли захмин аз волидайн муттаҳидии бештаре талаб мекард то ўро парвоз омўзанд.

1 Муҳаммадӣ – пайрави дини мубини ислом.
2 Уқоби навбол – Абдумаҷиди хурдакак дар назар аст.

пешина
аз 513
навбатӣ