Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Бечора ҷаҳониён аз куҷо медонистанд, ки ин гургони биёбонӣ бо чӣ қадар пастию ифротиҳо майли хиёбон намудаанд.
Субҳи 14 феврал ман дар ошхона ҳамроҳи Раънои Носир хеле суҳбат намудам. Дар ҳамин асно ман овози Шабнамро шунидам, ки маро мепурсид. Аз тарси он ки маро дар ошхона ҳамроҳи Раъно танҳо набинад, саросема аз ошхона берун шудам. Мо тахминан даҳ дақиқа дар майдончаи ошёнаи сеюм суҳбат кардем. Раъно умуман мехост, ки ҳамсояҳоро ба маросими дафн даъват намояд ва ман низ розӣ шудам. Ҳамчунин хоҳиш намудам, ки ба Парвиз ва келин ҳам занг занад, то дар маросими видоъ иштирок намоянд. Ҳамин чизҳои одиро ман ба гўшаи хотир наовардам, вале Шабнам бо дурандешии хеш ҳалли ин муамморо низ дарёфт. Чун Шабнам аз зинаҳо ба поён рафт, ман боз вориди хона шуда, ба ошхона даромадам. Аз он ампулаи холии «Адреналин» ва сўзани истифодашуда, ки дар як гўшаи мизи ошхона буданд, нишоне набуд. Дар муддати ин даҳ дақиқа ба ҷуз Раъно, ки ҳамон лаҳзаҳо яккахони хори умумии ансамбли созию овозӣ буд ва овозаш хеле форам ба гўш мерасид, боз даҳҳо нафар имконияти даромаду баромад доштанд. Ман аз нав ахлотқуттӣ ва чанд ҷойи ба чашм намоёни ошхонаро, ки Раъно метавонист он далелҳои шайъиро пинҳон намояд, аз назар гузаронидам. Чун ҳама ҷустуҷўҳоям бе натиҷа баромаданд, мисли ҳамон марде, ки тоқиашро об бурдаву бинобар қобилияти шинокунӣ надоштанаш баҳри хандасори мардум нашудан, гуфтааст, ки бало ба пасаш, ба сарам танг буд, ман низ аз баҳри собит намудани гуноҳҳои завҷаи меҳрубони амаки Ёқуб баромадам.
Ҳатто баъди ҷаноза ҳам ман дигар сари ин масъала баргаштанро ба худ ҷойиз нашуморидам, чунки рафту агар дар ҳақиқат Раънохон он ампулаю сўзанро чун далели шайъӣ гирифта буд, баъди ба манзили охират гусел намудани амаки Ёқуб ҳар як сухани ноҷо метавонист анҷоми фоҷиаборе ба бор орад. Албатта, Раъно суханони бандаро нисбат ба хеш метавонист ҳамчун туҳмат арзёбӣ намояд. Дар он сурат кор то ба гўши милиса ва прокуратура мерасид. Чун онҳо аз ҳақиқати кор огоҳ мешуданд, баҳри қилро аз хамир ҷудо кардан, гўрро канда ҷасади марҳумро барои тадқиқоти минбаъда барои ташхис мефиристоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор