Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигар дар торикӣ чизеро ҳам дида намешуд ва Самандар дарро кушода, нӯг - нӯги по ба хонаи хобаш даромаданӣ буд, ки модараш дари хонаи шафатро кушода пурсид:
– Самандар, бачам дар куҷо мегардӣ? Наход одам дар чунин шаби тор падару модарашро огоҳ накарда, аз хона барояд. Ду маротиба ба падарат доруи «Элиниум» додам, хайрият омадӣ, набошад то субҳ…
– Дар хонаи Дилшод будам, каме суҳбат кардем.
– Дар хонаи Дилшод, дар хонаи Дилшод! Гап зада мерафтӣ намешуд?
– Бубахш, очаҷон.
– Бубахш, бубахш! Эй хок дар сари очат, наход шаҳ шавию ақлат дар сарат надарояд, нафаҳмӣ, ки падару модар як умр дар ғаму доғи фарзанданд? Эй кош, тезтар туро тўй мекардему бачадор мешудӣ. Ана, баъд аз дарди дили падару модар огоҳ мегаштӣ. Исто, ки гурусна набошӣ?
– Не, очаҷон ҳамроҳи Дилшод…
– Хайр, шабат хуш, – гўён модар боз лаҳзае дар санҷаки дар рост истод ва чун боварӣ ҳосил кард, ки Самандар ба хонаи хобаш даромад, дари пеш айвон аз дарун дар занҷир гирифт ва худ низ ба хонаи хобаш даромад.
Хоб аз чашми Самандар парида буд. Дар бистари мулоим сар ба болишти пари қу монда, хобаш набурд, ки набурд… ” Эй кош туро тезтар тўй мекардему бачадор мешудӣ!”- гуфтани модараш дар гўшаш садо медоду садо… Эй кош, орзуи очаҷонам тезтар ҷомаи амал пўшад, вале инро Ширин мефаҳмида бошад…
Лаҳзае мавҷи хаёлоти ў аз маҷрои муқаррарӣ хеш берун шуд…
Он чи ки имрўз дар милиса бо ў муносибати нағз намуданд, ин анҷоми кор нест. Канӣ кафолат, ки милиса дигар ўро ҷеғ намезанад. Дар ноомади кор атола дандон шиканад. Лаънатӣ қотил ҷойи дигар наёфт, ки маҳз таги хаймаи онҳоро макони анҷоми амалиёти ваҳшиёнаи хеш қарор дод. Шояд ин амалиётро аз рўйи нақшаи пешакӣ дидаю дониста, барои дар бало мондани Самандари Раҳим дар мавзеи Хушкакдара ҳамагӣ чанд фарсах аз хаймаи чўпонии Шодии Лоиқ, ки Самандар дар он ҷо буд, ба анҷом расониданд.

пешина
аз 513
навбатӣ