Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Нўшин, ба ҳамин мактуб то рўзи душанбе ҷавоб тайёр кардан лозим, - гўён соҳиби ҳуҷра мактуби овардаи Зиёевро ба дасти ёвараш дод.
– Хуб шудааст, Анастасия Юревна, - гўён баробари коғазро гирифтан Нўшин бадар рафт.
– Чӣ номи зебое, - аз дил гузаронд Миронова. Сардори шуъбаи кадрҳо ба ҷуз Нўшин ба дигар занҳои ҳамкораш тариқу ному насабашон муроҷиат мекард. Танҳо дар бинои маъмурии беморхона се Дилором, ду Фарзона, ду Сабоҳат кор мекарданд ва қандата хӯру бе насаб онҳоро ҷеғ зан.
Нўшин аслан номи ягонае дар беморхонаи шаҳрӣ буд ва тариқи номаш қариб ҳама ўро мешинохтанд. Баъзе аз онҳо ҳатто қавл дода буданд, ки агар духтардор шаванд, ба фарзандашон Нўшин ном хоҳанд гузошт.
Боре Миронова маънии номи шогирдро донистан хост ва дар ин бора аз худи Нўшин пурсон шуд. Нўшин ҳарфе ба забон наоварда аз ҷой бархест ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ»- ро аз ҷевони китобҳо гирифта, саҳифаи 881-ро кушода, назди Миронова гузошта худ бадар рафт.
Анастасия Юревна дар он саҳифа калимаи “Нўшин”-ро дарёфт, ки он аслан чунин маънӣ доштааст:-ширин, гуворо, хуштамъ, болаззат ба монанди асал.
Миронова сараввал ба ин суханҳо он қадар сарфаҳм нарафт ва ҳамкори дигарашон Сабоҳати Гурезро ҷеғ зад ва ў, ки се забон медонист ва маънии калимаи Нўшинро ба вай тарҷума карда дод. Баъди ин Анастасия Юревна таърихи номро аз соҳибном пурсид.
Нўшин гуфт, ки ин номро тариқи телефон ба ман амакам гузоштаанд, чунки ман баъди панҷ писар ба дунё омадам.
Дар он замон падару модарам ҳам маънии ин номро намедонистанд, аммо аз рўйи эҳтироми беандоза доштанашон нисбат ба амакам сухани ўро нашикастанд.
Дар аввалҳо ин ном ба худам ҳам маъқул набуд, чунки бибиҳоям, ки номҳои гузоштаашон дар озмуни хонадон нагузашта буд, барқасд маро “Мошин” мегуфтанд. Баъзан ҳаққу ҳамсояҳо ҳам барои шод намудани табъи бибиҳоям маро “Мошин” ном мебурданд. Танҳо падарам номи маро пурра мегирифт ва ба он ҳатто калимаи ҷонро илова мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор