Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Номеро зеботар аз номи худат нашунидаам, ба фикрам, амакат ҳам марди фозил будагист, – пурсид Миронова.
– Дар он солҳо дар диёри мо чунин калима кам дар истифода будааст. Баъди гузашти солҳо, дар замоне ки ман ба кор омадам, ҳатто Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон барои хурдтаракон бо чунин ном барномае дошт.
– Медонам он барномаро. «Нўшин»-ро бо ҳарфҳои каҷу килеб менавиштанд, - гуфт Миронова. – Ба ҳар ҳол, дар бораи амакат чизе нагуфтӣ?
– Чӣ гўям, амакам марди суханвар аст ва суханро ҷавҳари ҳастӣ медонад.
Занги телефон садо доду Анастасия Юревна гўшакро бардошт:
– Миронова гўш мекунад.
– Анастасия Юревна, ба назди сардухтар дароед, - хабар дод котиба.
– Хуб шудаст, - гўён ў аз ҷой бархест.
– Фарангисро дидӣ?
– Ҳа.
– Аз куҷо мехонад?
– Бечора пойи равон надошта бошад, аз куҷо хонад?
– Гумон мекунӣ, ки асрори ишқварзирҳои Раъноро ошкор месозад?
– Намедонам.
– Ў дар ин бора аз худат ягон чиз напурсид?
– Пурсид, вале ман ҳамаашро инкор кардам.
– Ҳаминаш беҳтар аст, моро ба асрори ниҳони ҳамсоя чӣ кор?
– Ҳамин асрор буд, ки тайи ин муддат мо истироҳат намудем.
– Ту ҳам бало.
– Ман он рўз ногаҳон гуфтугўйи онҳоро шунидам.
– Маро ҳам ҳарчи аз дастам омад, ба ту ёрӣ додам.
– Акнун мо ҳарду дар ҷиноят шарикем.
– Ин фикрро аз сарат дур кун. Мо ягон асос барои ин кор надоштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор