Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳамин чиз ба мантиқ наздиктар аст ва албатта дар милиса ҳам инро мефаҳманд.
– Дар милиса мегўй? Ҳа, о ҳамагӣ ду ҳафта пеш Низомӣ, Ғафур бачаи Шер, номаш чӣ буд?
– Ҳамза.
– Ҳа, Ҳамзаро дар байни панҷоҳ - шаст нафар бе ягон асос зада маъюб кард, дашномҳои қабеҳ дод, ба гапи ҳозирин гўш надод, умуман бетартибиро ба авҷи аълояш расонд, ва милисаҳо чӣ карданд?
– Охир вай Ҳамза аризаи иловагӣ навишта, аз гуноҳи ў гузашт - ку.
– Аризаи иловагӣ гуфта мешинӣ. О, вай Низом бетартибӣ нисбат ба ҷамъият, ба атрофиён содир кард ва чӣ лозим буд, ки милисаҳо аз Ҳамза аризаи иловагӣ гиранд? Умуман, милисаҳо худашон обро лой карда, аз он моҳӣ доштанӣ мешаванд, чунки тамаъкорӣ онҳоро ба чунин қадамгузорӣ ҳидоят месозад. Мефаҳмӣ, тамаъҷўйӣ ва боз ту милиса инро мефаҳмад, мегўӣ. Баъзе милисаҳои ҳозира шукри Худо, ки акнун онҳо ангуштшуморанд, аз кайк саночӣ мегиранд.
Хоб дар интиҳо ғолиб омад…
Ў лаби дарёи Хингоб қарор дошт. Нохост дар самти муқобил Ширинро дид, ки ба тарафи ў меомад. Ширин дар ҳақиқат нияти аз ин дарёи пуртуғён гузаштан дошт. Чӣ бояд кард? Вақти истиҳола набуд ва ў худро ба дарё зад. Чун шиновар набуд, дарё ўро ба коми хеш кашид. Дар талоши ҷон дастак мезад… Дасти мулоиме аз пояш бигирифт ва ўро ба соҳил баровард. Чун чашм кушод, наҷотдиҳандаи хеш Ширинро дид, ки таги пероҳани гулобӣ сар то қадам тар болои сараш рост меистод.
– Ширин, ин туйӣ?
– Ҳа, ман.
– Ин ҷо чӣ мекобӣ?
– Оббозӣ омадам.
– Биё, якҷоя оббозӣ кунем.
– Шарте дорам.
– Гап зан.
– Агар маро ба даст орӣ…
Ў аз ҷой бархест ва баҳри ба даст овардани Ширин, ки таги пероҳани ҳарири гулобӣ рўйи регҳои соҳил меҷаст, бо тамоми қувва давид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё