Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Нохост пояш ба санге бархӯрда оҳ гуфта ба замин нишаст. Чашм кушода худро дар бистари мулоим дид. Субҳ медамид…
Лайлӣ лакоту хаста ба хона даромад. Тамоми рўз сари чанбарак чашм аз роҳ наканд. Хайрият, ҳама корҳо ба хубӣ анҷом ёфтанд. Автоматро ҳам бе каму рост ба соҳибаш баргардонд. Лаънатӣ ҳатто тирҳоро ҳам ҳисоб кард. Аз сӣ тири дар тирдон буда бисту нуҳ тирро дида, соҳиби яроқ дар тааҷҷуб шуд, ки ин чӣ хел шикор будааст, ки хонум ҳамагӣ як тир сарф кардааст. Вале духтар бо як коғази сабзе, ки расми президенти ИМА Линколнро дошт, даҳони соҳиби яроқ бубаст.
Ана, ҳамин хел аст одамӣ, чун фоидаи хеш бидид, ба дигараш кор надорад. Лаънатӣ ин автомати наппа-навро аз куҷо ёфта бошад? Рақамаш ҳам аҷиб Р 1313. Ва маҳз ҳамон рақаме, ки Солеҳҷон аз он метарсид. Мегуфт, ки рақами 13 рақами наҳс аст ва он марди нимҳарбипўш шояд замоне бо армия сару кор доштааст ва чунин як яроқро аҷаб нест, ки надуздида бошад. Хайр дуздидааст ё не, кори ман чӣ, ба ҳар ҳол агар ҳамин Калашников намешуд, ба гумон буд, ки Даврон (қотилро чунин ном буд) аз уҳдаи Солеҳ Ҷалили чорпаҳлў барояд. Тайи ин ду - се рўзе, ки ман дар шаҳр набудам, ҳоли Даврон чӣ шуда бошяд? Лайлӣ афсўс хӯрд, ки Даврон, ё чӣ хеле ки ў мегуфт муллои ҷодугар телефон надорад, вагарна ба ҳама мондашавии хеш нигоҳ накарда ба мулло занг мезад…
Ў тугмачаи чароғи барқиро зер кард. Чун хона равшан шуд, Лайлӣ лаҳзае пеши оинаи барқад истода, ба зоҳири хеш назар кард. Қаду қомати духтар чун ҳамешагӣ зебою дилфиреб буд. Ду анори пеши бараш ба ҳусни худододи ў ҳусни нав зам мекард, вале…
Чашмони фатону шуълабори ў мисли пештара нишонрас набуданд. Ў дар чашмони хеш шуълаи пешинро надида, дилаш шувӣ карда, таҳ кашид. Духтар ба оина каме наздиктар шуд, то ҳақиқати ҳол бубинад. Он чӣ ки аён буд, ба баёнаш ҳоҷат набуд. Чашмони маҳзуни духтар мисли пораабре дар осмони соф ба ҳусни назарфиреби ў ғубор афканда буд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё