Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Низомномаро танҳо тариқи референдум тағйиру иловаҳо медароранд, вале аз ёддошти банда, боре ҳам тағйироту иловаҳо ба он дохил карда нашудааст.
– Бовар намудем, акнун донистан мехостем, ки бозиҳои навбатӣ кай баргузор мешаванд?
– Комиссияи тадорукот сари ҳамин масъала кор карда истодааст ва аз эҳтимол дур нест, ки дар рўзҳои наздик шумо ба озмун даъватнома мегиред.
– Ба ҷуз мо ва он гурўҳи дирўз дар бозиҳои шонздаҳ ва ҳаштякфиналӣ иштирок намуда, боз гурўҳҳои дигар ҳам метавонанд то рўзи саршавии озмун бо ариза ба комиссияи тадорукот муроҷиат намоянд?
– Гуфтам - ку, дар низомнома ягон маҳдудияте дар ин ҷода нест ва шиори ягонаи мо чун ҳамешагӣ чӣ буд?
– Майдон аз далер аст! - овоз рўшан кард кадоме аз байни издиҳом.
– Бале. Акнун ба манзилҳои хеш равед.
Ҳамагон бо довар хайрухуш намуда, аз дар берун шуданд. Ӯ нав аз ҷой нияти хестан дошт, ки нафаре аз довталабони дирўзаро дар паси сейфи оҳанин дид, ки аз он ҷо нияти баромадан дошт.
– Ёрӣ диҳед, - гуфт ў ва довар сейфро каме ҷунбонду он «мард» берун омад.
– Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
– Вақте ки шумо ҳамроҳи он ҷавон сари суҳбат будед, ман аз тирезаи кушода вориди дафтари кориатон шудам. Чун ў рафт, хостам худро ошкор намоям, вале боз инҳо (ў ба тарафи дар, ки лаҳзае пеш довталабон баромада буданд ишора кард) омаданд ва аз тарси он ки маро набинанд, худро паси ҳамин сейф гирифтам. Қариб мачақ шуда будам.
– Хайр, чаро набаромадед?
– Тарсидам.
– Хуш, аз ман чӣ мехоҳед?
– Қариб ки ҳеҷ чиз. Ман ба шумо каме туҳфа овардаам,– гўён ў як даста пулро пеши довар гузошт.
– Ин чӣ, гиред инро. Идораи мо…
– Гўш кун, – сухани доварро бурид он довталаб, худатро

  • ку намедонам, вале дар идораи шумо ҳам ришвагиру ришвадеҳ хеле зиёд аст. Гирем ҳамон Масрури Мўсоро.
пешина
аз 513
навбатӣ