Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Аз гиребони ҳар кас дошта наистед.
– Не, ман аз гиребони касе дошта намеистам. Умуман, ман чунин мардҳоеро чун Масрури Мўсо аҳсант мегўям, чунки онҳо бо замона ҳамқадаманд, агар як диҳанд, даҳ мегиранд. Ман низ баҳри он омадам, ки дар озмун ғолиб оям. (Ин ҷо ў ба тарафи пулҳо ишора кард, даҳ ҳазор доллар, яъне як пачкаи рахаш нашикаста). Ба тариқи дигар гўем, даҳсола маоши худат, гир ва ба ман андак кумак намо. Бовар бикун ин пулҳо ҳам моли худам нестанд.
Нафареро ҷарроҳӣ намудаму ҳамин пачкаро ширинкома гирифтам. Шарм надор, гир. Душвораш ҳамин даври якум аст, пас ҳамааш одат шуда меравад, вале чун гирифтӣ, ҳиссаи роҳбариятро ҳам фаромўш накун, вагарна корат барор намегирад.
– Не, ман наметавонам.
– Ҳамин аст бадбахтии худат.
– Чаро бадбахтӣ будааст?
–Чунки бо замона ҳамқадам нестӣ. Бубин Масрури Мўсоро даҳ сол пас аз худат ба милиса омаду кару фараш дар осмон, ҳол он ки калааш ба ҷойи майна пури коҳ.
– Агар ў бе майна мешуд, магар ба чунин мартабаҳо мерасид?
– Албатта, ришвагирию ришваситонӣ ин маҳсули хаёлоти нобиғаҳо нест, онҳо ҳаргиз ба чунин роҳ намераванд, чунки мардумони хаёлианд. Бо ҳама илму дониши Худодод онҳо зиндагии фақирона ва рўзгори пасте доранд, чунки мисли худат андешаронӣ мекунанд ва маошро интизор мешаванд, вале онҳое, ки банда пайравашон ҳастам, парвои маош ҳам надоранд, чунки бо замона ҳамқадаманд, шиорашон як рўз бошу хурўс бош, буд, ҳаст ва мемонад.
Акнун гир ин коғазпечи маро ва дар озмун ягон роҳашро ёб.
– Ба фикрам, ту ба қувваи худат боварӣ надорӣ?
– Агар боварӣ медоштам, ҳаргиз ин коғазпечро назди худат намегузоштам, лек агар каме ҳаракат намоӣ, ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад.
– Рафту агар каме талош варзам, худат ғолиби озмун мегардию ман соҳиби ин даҳ ҳазор доллар, худатро дуруст фаҳмидам?
– Садқаи ақли фаҳм шавам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор