Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Обат бурд, оби калонат барад ва агар ба дасти ҳамон мошиндору қасрдор -ҳояш афтидӣ, ана ҳамин ҳазор долларро беибо наздашон гузор. Ман ҳамаи инро аз таҷрибаи худ мегўям. Ба ман бовар бикун бародар. Акнун ин коғазпеч ва ҳам ин туҳфачаи «муборизон» - ро ба ғалладони мизи кориат андоз, Худо накарда ҳозир ягон кас биёяд, хуб намешавад. Рафту дар озмун агар ман ғолиб оям, боз ягон фикр мекунем. Мо мардем бародар, мард!
– Не, ман наметавонам, акнун коғазҳоятро гиру аз он ҷо дафъ шав!
Ў коғазпеч ва он «туҳфаи муборизон» - ро ба ҷайб зада гуфт:
-Ба фикрам, худат ҳам нони хӯрданӣ надорӣ, барои ҳамин на вазифа гирифтию на қаср сохтӣ, чунки на гирифтанро медонию на доданро. Фаромўш накун, пора санги хораро об кардааст. Бе ту ҳам ягон роҳашро меёбам.
– Гум шав аз назарам!
– Бе худат ҳам ман ғолиби озмун мешавам. Инро ман ба ту мегўям вориси Гиппократ. Ана, аз ҳамин коғазпеч аз се як ҳиссаашро ба Масрури Мўсо медиҳаму дар озмун ғолиб меоям. Ў дар ин корҳо пухта расидагӣ ва аз ҳамон се ҳисса як ҳиссаашро ба сарпарасташ медиҳаду об ба лаби ҷўй баробар мешавад.
– Гуфтам, дафъ шав аз назарам!
Вориси Гиппократ чӣ хеле ки омада буд, ҳамон хел ноаён аз назар пинҳон шуд.
Аз ин афту дарафти даъвогарон сараш ба дард омад. Ў баҳри раҳоӣ ёфтан аз ин гирдоб аз ҷой бархеста, берун баромад. Рўз бегоҳ мешуд ва аллакай кулли ҳамкорон дар хонаҳояшон буданд, вале ў имконияти ба хона рафтан ҳам надошт, чунки соати бистуяк онҳоро ба назди хеш Масрури Мўсо хонда буд. Ў баъди аз академия баргаштан имрўз ба кор баромад. Абдумаҷидов ҳайрон буд, ки чӣ тавр Масрури Мўсо бо он каллаи холӣ донишҷўйи Академияи милиса гаштааст. Соате пештар навбатдор Фидоалӣ Мирзоев, ки ҳамсабақаш мебошад, дўсташро огоҳ сохт, ки аз маъракаи назди Оташак (Масрури Мўсоро ҳамкорон байни худ чунин ном мебурданд) қафо намонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор