Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дишаб боз тафси бадани Абдумаҷид баланд шуд. Доғи сиёҳи дасташ оташи аз танур гирифтаро мемонд ва сари субҳ Акбар Ҳакимович ҳамроҳи ҳамсараш Абдумаҷидро ба беморхонаи Қарияи Боло бурд. Ўро дар бинои 11 – и беморхонаи ҷумҳуриявии рақами 3 ба шуъбаи кўдакона хобонданд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гашту ў ин субҳ ба кор дер омад. То саршавии маҷлиси таъиннамудаи Оташак боз ду соат вақт буд, аз ин рў ў ба таксие нишаста, то пеши беморхона рафт. Наталя Василевна тайи ин муддат дар бораи гемофилияи «А» маълумоти бештаре гирд оварда буд ва баробари шавҳарро дидан хабар дод, ки ба Абдумаҷид мутобиқи хунаш «250 мм плазма» рехтанд. Ў чанде ҳамроҳи ҳамсар дар беморхона истода, ним соат пеш аз вақти таъиннамудаи Оташак беморхонаро тарк кард.
Оташак тайи як соат ба гўши онҳо ваъз гуфт ва Абдумаҷидов фаҳмид, ки калаи бемағзи Оташакро академия ҳам пур накардааст…
– Ҳа, ана ёфтам.
– Чиро?
– Номи ҳамон ҳамшаҳрии Раънои Носирро.
– Магар ў ба кўштор ягон алоқамандие дорад?
– Намедонам, вале аз рўйи маълумоте, ки ман гирифта будам, ў духтари собиқ ҳамсояашонро баъди соатҳои бисту се хабар гирифта, пеш аз бонги хурўс он кулбаро тарк мекардааст. Маҳз ҳамин чиз сабаб шуду ман рўзе ўро дар кўча дошта, ба ин ҷо овардам. Акнун, ки мо ному насаб ва ҷойи зисти ўро медонем, вайро аз мо роҳи гурез нест. Эй ба ҳама бозию ба майор Муродов ҳам бозӣ, онаи зоратро нишон медиҳам, ана баъд кӣ будани майор Муродовро то қиёмат аз хотир намебарорӣ. Дар ин дафтар маълумоти ту барин тирмизакҳоро гирд овардаам ва ҳамааш ба умеди рўзи фардо.
– Хуш вайро чӣ ному насабе будааст? - пурсид лейтенант Зиёев.
– Ҷўраев Шодӣ Муддинович. Бисту ҳаштсола. Зода ва истиқоматкунандаи Зартеғ. Ман шахсияти ўро тариқи Маркази иттилоотӣ ҳам санҷида баромадам. Ана, ҳамин ҳамсоя ва ҳамсабақи Раънои Носир муддати панҷ солро барои дуздии моликияти давлатӣ дар паси панҷара гузаронидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор