Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Он кас дар Академия нестанд?
– Таҳсил тамом шуд ва соати бистуяк кормандони бахши кофтукови ҷиноятӣ ва ҳамаи сарварони дигарро эшон ба ҳузури хеш хондаанд ва банда низ дар қатори даъватшудагонам. Бояд гўям, ки баъди Воҳид Камол - сардори ШКД ҳамин кас мешаванд. Тағояшон ниҳоят одами муътабар.
– Мо бетағоҳо чӣ кунем?
– Дил ёбу қанд хӯр гуфтаанд.
– Бе ин намешавад?
– Намешавад, агар мешуд намегуфтанд, ки бо замона бисоз, ки ҳаррўза балост. Ба фикрам, агар Акбар Ҳакимович дар адвокатура кор мекард, нафъаш ба мардум бештар мерасид.”
– Хуш, бо он ҷавони зартеғӣ чӣ кунем?
– Ўро ёфтан лозим.
– Аз куҷо?
– Ба милисаи Зартеғ хабар додан лозим, то ўро ба ин ҷо фиристанд.
– Рафту ў дар Зартеғ набошад - чӣ?
– Чӣ хел набошад? Вай ҳамагӣ моҳе пештар аз Русия омада будааст, дар шаҳр хона надошта бошад, пас дар куҷо меистад?
– Дар меҳмонхона, ё дар ягон хона иҷора мешинад, охир ў наметавонист ҳар шаб баъди соати бисту се аз Зартеғ ба шаҳр биёяд ва пеш аз бонги хурўс кулбаи маъшуқаашро тарк намояд.
– Аз куҷо гирифтӣ, ки Раънои Носир маъшуқаи ў буд?
Охир ман ўро пурсидам, вале ҳамаашро инкор кард.
– Инкор кард ё не, чӣ фарқ дорад? Марде, ки дар чунин синну сол ғайрати ҷавониаш ҷўш мезанад, ба хонаи ҷавонзани ҳамсинну соли худаш бе мақсад ҳаргиз намеравад.
Агар дар шаҳр ўро сарпаноҳе намебуд, чӣ тавр то соатҳои бисту се ў интизор мешуд? Ба гумонам, он ҷавони мегуфтагиатонро, ки ҳамаи хабарҳои шиносномаашро дар блокнотатон қайд намудаед, дар шаҳр ҷустан даркор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор