Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй офарин, Муродов, худат барин йигит кам, вале нотавонбинон туро чашми дидан надоранд, намехоҳанд, ки сари вазифа биоӣ. Дигар ба ҷуз Муродов ақли кӣ мегирад, нафареро, ки шабҳо ба суроғи ҳамсабақаш рафтааст, ба пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ биёраду шахсияташро аз рўйи ҳуҷҷатҳояш дар дафтари хотироташ сабт намояд.
– Рафту агар ҳамаи ин маълумотномаҳои доштаатон натиҷае надиҳад?
– Ин хел нагўӣ? - Чаро натиҷа намедодааст? Ҳамааш вобаста ба худи мо. Агар мо хоҳем, ҳамааш мешавад, вале рафту ў агар дар дасти Абдумаҷидов афтад, Худо медонад.
– Чӣ магар Абдумаҷидов аз уҳдаи кор намебарояд?
– Ман ин хел нагуфтам? Вале ў ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳад, ки бегуноҳии шахсро собит созад. Вақте милиса ба гумонбаршуда имконият медиҳад, ки ў баҳри бегуноҳии хеш талош варзад, бовар намоед, ў милиса нест.
– Ба фикри шумо розӣ шуда наметавонам.
– Чаро?
– Зеро кулли мардум Абдумаҷидовро нағз мешиносанд ва дирўз ман худам шоҳиди чунин як гуфтушунид шудам.
“-Раҷаб Ёрович рафт, вагарна кайҳо кафшҳои Абдумаҷидовро пеши пояш мегузошт.
– Барои кадом гуноҳаш?
– Раҷаб Ёрович ўро адвокати ҷинояткорон мегуфт.
– Шумо бошед, ба ў бовар кардед?
– Ба кӣ?
– Ба ҳамон роҳбар.
-Ман ҳеҷ гоҳ ба рўйи роҳбар мисли Абдумаҷидов чун гурба чанг намезанам.
– Агар ҳақ ба ҷониби роҳбар ҳам набошад?
– Роҳбар ҳамеша ҳақ аст, чунки ў дар сари қудрат аст.
Мардум бар он ақидаанд, ки Худо агар дўстат дорад, болои сари ҳафт кас роҳбар мешавӣ. Абдумаҷидов бошад, як умр ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ва дар ин муддат ҳатто дар болои як нафар ҳам хӯҷаин нашуд.
– Шумо чӣ?
– Ҳамди беҳад он Худои покро, ки банда дар болои сари шумо даҳ ҷавонмард хӯҷаинам. Ин бегоҳ ман фикру ақидаи хешро дар бораи он ҷавони зартеғӣ дар ҳузури Масрури Мўсо хоҳам гуфт.

пешина
аз 513
навбатӣ