Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Оҳ, бо як рафтори ноҷо бо худ чӣ кардам? Ҳамааш аз рашк шуд ва ба гумон аст, ки маъшуқаи нави Солеҳ пероҳани сиёҳ пўшад. Охир ў нав ба ҳабдаҳ қадам мондааст ва ҳеҷ гоҳ баъди шунидани овозаи марги Маҷнун навҳа нахоҳад зад. Ҳа, ман ўро аз рашк куштам.
– Дурўғ.
– Ба ростӣ, ман ўро рашк мекардам.
– Дурўғ нагўй, ки дурўғгўӣ торикии имон аст. Аз он чи ки Солеҳ Ҷалил занбози гузарро буд, ту ҳафт сол пеш медонистӣ, вале худро бепарво гирифта мегаштӣ - ку?
– Агар рўзе ман ба даст афтам, мегўям ўро аз рашк куштам.
– Инро худат мегўи, вале Даврон ҳақиқати ҳолро мегўяд.
Ту ҳам бало, чун ҷояш омад шефатро бо теғи суханаш куштӣ ва он муллои ҷодугар ҳатто нафаҳмид, ки гап дар куҷост.
– Сохтори «Ҳамдилон» ҳамин хел асос ёфтааст.
– Офарин ба ту ва он занбоз, бубин чӣ тавр тавонистед, ки дар дили ҳамагон тарсу ҳарос ҷой намоед. Асосгузори чунин овозаҳо кадоме аз шумо будед?
– Баъди он ки ман китоберо дар бораи ташкилоти ҷинояткор «Триада», ки муддати се аср дар дили мардум ваҳм андохта буд, хондам ва фикри хеш ба Солеҳ гуфтам. Ӯ ба бузургии сухан бовар кард ва мо низ ташкилоти худро «Ҳамдилон» ном гузоштем ва дар бораи дасти дарози он овозаҳо паҳн кардем, ҳарчанд қурбонии аввал худи Солеҳ гашт.
– Бо ташаббуси худат?
– Фарз кардем.
– Чӣ ҷойи пинҳон кардан, охир кушторро пеши он касе инкор намо, ки туро нашиносад.
– Ҳа, бо ташаббуси ман.
– Ана, ин гапи дигар.
– Ба ҳар ҳол ман метарсам.
– Аз чӣ?
– Гўё намедонӣ.
– Оқибати кори хешро андеша кардан лозим буд. Солеҳ Ҷалил тамоми шароитро баҳрат муҳайё карда буд. Магар шарт буд, ки ба хуни ноҳақ даст занӣ?

пешина
аз 513
навбатӣ