Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар кўчаи Лолазорон Ғиёс дармонгоҳи шахсии хешро доштааст. Дармонгоҳ дуошёна буда, бо тамоми таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз будааст. Вай дар либоси ғайринизомӣ бо чанд нафар ҳоҷатмандону коркунони миёнаи тиббӣ суҳбати ғайрирасмӣ дошт ва ҳамагон ба ӯ дармонгоҳи мазкурро баҳри табобат тавсия доданд.
Ҳарчанд Ғиёсро бо чашми сар надид, вале фаҳмид, ки дар ҳақиқат суханони Фарангиси Қодир дар бораи ў кам ҳастанду беш не. Дар замоне, ки қисми беши мардум бо азобе рўз пеш мебаранд, ба гумон аст, ба чунин дармонгоҳ муроҷиат намуданашон. Дари чунин дармонгоҳҳо танҳо ба рўи онҳое боз аст, ки чун худи Ғиёс пули бедарди миён меёбанд. Барои мардуми серпул дар ҳама давру замон имконияти хизматрасони бештару хубтар муҳайё аст. Боре дар бораи мардумони одӣ ва табақаҳои миёнаю болоии ҷамъият дар рўзномаи «Независимая газета» – и Русия баҳси доманадоре нашр шуда буд. Пӯсткандаи гап, тамоми мавзуи баҳсро ба се қисм ҷудо намуда буданд, ки то ҳоло дар ёди ў монда: «быть простим человеком - это ничто, быть кем то - это кое что, а быть нужним человеком - это всё». Аз ҳамин рў, ў аз пеши он дармонгоҳи шахсӣ баргашт, то сарвари дармонгоҳро ба дафтари кории хеш даъват намояд. Гадо ҳам дар мулки хеш султон аст ва султони дур аз диёр афтода, аз гадое беш нест. Ана ба ҳамин хотир, ў султони пулпарастро ба мулки хеш даъват мекунад, то бубинад, аз куҷо мехонад.
Сари субҳ падару писар якҷоя аз хона баромаданд. Дар гардиши аввалин Далер ба тарафи рост тоб хӯрда, сўйи дабистон рафт. Падар то аз назар пинҳон шудани писар чашм аз ў наканд. Далер аллакай шаҳбача шуда, акнун ифтихори падару модар буд. Моҳе пештар онҳо дар тўйи набераи момаи Маҳин - Насиба иштирок карданд. Мардуми мусулмон аслан духтарро пупаки дев мегўянд ва дар ин сухан ҳатто заррае муболиға нест. Гўё ҳамааш дирўз буд, вақте ки бо хоҳиши момои Маҳин зану шавҳари ҷавон Насибаро ба мактаб бурданд. Саҳни мактаб он рўз баҳорро мемонд ва Насиба лаби он баҳри бузург меистод. Баробари мактабро хатм намудан талабгорони Насиба дари хонаи Саодатбонуро охурҷа карданд ва ў низ ба бахти ҷигарбандаш дигар зомин шудан нахост. Акнун ў мондаасту Беҳрўзҷон.

пешина
аз 513
навбатӣ