Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Чун ба идора омад, хост аз анҷоми бебарори корҳои ҷустуҷўйиаш дар беморхонаи ҷумҳуриявӣ Наврўз Умаровро огоҳ намуда, сипас ба дафтари кории хеш равад. Ба ҳамин хотир ба дари дафтари кории сардори бахш ангушт зад.
– Ана худашон ҳам расида омаданд, - гўён Наврўз Умаров ўро бо шахси ҳамроҳашбуда шинос намуду ному насабашро низ ба он кас гуфт.
– Ин кас Намоз Ҷўраев, амаки Шодибой ва худи Намоз Ҷўраевич тамоми зартеғиёнро ба по хезонда, кори моро ниҳоят осон намуданд.
– Чӣ хел осон намуданд?
– Ҳамин хел одӣ. Ин кас Шодибойро ёфтанд.
– Он кас дар куҷо будааст?
– Дар беморхонаи шаҳрӣ.
– Бо ў чӣ ҳодиса рух додааст?
– Ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шудааст.
– Дар куҷо?
– Дар ноҳияи Сино.
– Гунаҳкори садамаи нақлиётиро муайян намуданд?
– Ронанда гуноҳе надоштааст.
– Инро кӣ исбот мекунад?
– Ман дар ин бора аллакай аз шуъбаи тафтишоти ШКД
– и ноҳияи Сино маълумот гирифтам.
– Пас дар ҳодисаи ба сари Шодии Муддин омада касе гунаҳкор нест?
– Нест, бародар, ў худаш роҳро нодуруст гузаштанӣ шуда, ба зери чархи мошин мондааст. Дар ин бора ў худаш ба ман нақл кард, - ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт Намоз Ҷўраев.
– Ба ҳар ҳол мо бояд худамон як маротиба бо он кас вохўрда суҳбат намоем, рафиқ подполковник.
– Фикри шуморо дар бораи пешниҳоди Акбар Ҳакимович фаҳмидан мехостем Намоз Ҷўраевич, - гуфт сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ.
– Чӣ ҳам мегуфтам? Шумо дар ин ҷода таҷрибаи бештаре доред. Модоме, ки ўро пурсидан хоҳед, марҳамат.
Ман аллакай мавқеи ҷойгиршавии беморхона ва дар куҷо хобидани Шодиро гуфта додам. Боқӣ ихтиёр шуморост, - гўён Намоз Ҷўраев бо ҳамсуҳбатони хеш худоҳофизӣ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор