Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ба куҷо ҳам мегурезӣ, пир шуда аз рўйи ҳамин касб нон хўрда омадем. Хайр гап зан, ки фарзандҳоят чӣ хел?
– Ҳамаашон нағз. Люда - хола чӣ ҳол дорад?
– Бад не. Хуш, шамолҳои куҷо паронд?
– Корамон баромаду омадем.
– Биё, рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба ошёнаи сеюм.
– Ман дар ҳамин ҷо бояд бемореро бинам.
– Кӣ будааст вай?
– Ҷўраев Шодӣ Муддинович.
– Ҳамоне, ки дар зери чархи мошин мондааст?
– Худи худаш.
– Он касро аз милисаи ноҳияи Сино омада дида рафтанд, ё шумо ҳам ҷойи хизматро иваз намудаед?
– Не, ман ҳоло ҳам дар ноҳияи Гулистон.
– Майлаш, Шодибойро, ки дидӣ, ба боло биё, - гўён Иванов аз зинаҳо ба боло рафт ва холаи дарбон ҳуҷҷати Абдумаҷидовро дида, ўро то ҳуҷраи мудири шуъба бурд.
Мудири шуъба Низомуддин Абдуллоев ниҳоят марди ҳалиму хоксор будааст. Ў матлаби Абдумаҷидовро шунида ба андеша рафт.
“Аҷиб, ў сари чӣ андеша дорад?” - аз дил гузаронд Абдумаҷидов ва пиёлаи чойро, ки лаҳзае пеш соҳиби ҳуҷра ба дасташ дода буд, нўши ҷон намуда, пиёларо болои миз гузошт.
Соҳиби ҳуҷра аз байни андешаҳои хеш берун омада, пиёларо ба даст гирифтанӣ шуд, то ба меҳмон як пиёла чойи дигар пешниҳод намояд, вале худи меҳмон ба ин кор монеъ шуда, ташаккури беандозаи хешро ба мизбон баён намуд.
– Гуфтед, ки бо Ҷўраев дар танҳоӣ суҳбат намудан мехоҳед?
– Агар имконият бошад.
Абдуллоев аз ҷой бархоста берун баромад.
Абдумаҷидов боз сари андешаҳои хеш танҳо монд. Кас вақте ба беморхона меояд, гумон месозад, ки дигар ягон одами сиҳат дар дунё нест. Ў худи ҳозир дар саҳни беморхона ва даҳлези ошёнаҳои якуму дуюм ҳамон қадар мардуми ба аёдат омадаро дид, ки...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор