Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳозир ҳамаашро ташкил мекунем, - гўён баробари вориди ҳуҷраи кориаш шудан хабар дод мудири шуъба.
– Бубахшед, ки шуморо ташвиш додам.
– Боке нест, охир шумо ҳам аз мастӣ ба ин ҷо наомадаед.
Мо бояд дар ҳама кор дастгири якдигар бошем. Дирўз аз милисаи ноҳияи Сино ҳам омада Ҷўраевро пурсида рафтанд, вале ба фикрам суҳбати онҳо дар шакли ошкоро сурат гирифт, шумо бошед...
– Суҳбат ҳам аз суҳбат фарқ дорад. Ба замми ин, ман бояд овози ўро ба диктафон сабт намоям.
– Ҳозир ҳамааш мешавад, – гўён Абдуллоев боз пиёлаи чойро ба тарафи меҳмон дароз кард.
– Не, ташаккур.
– Ҷўраевро ҳамагӣ ду рўз пештар ба шуъбаи мо оварданд, - пиёлаи дар дасташ бударо болои миз гузошта гуфт Абдуллоев.
– Ӯро аз дигар беморхона ба ин ҷо оварданд?
– Не, аз вазнинхона. Дарвоқеъ, ўро Иванов ном ҷарроҳ табобат мекунад.
– Роберт Иванович?
– Ҳа, худи худаш. Исто, ки шумо ўро мешиносед?
– Ҳа, се сол пеш мо бо Роберт Иванович дар беморхонаи «Роҳиоҳанчиён» шинос шуда будем.
– Духтурҳое чун Иванов, ангуштшуморанд. Ўро ҷони одам ҳам гўем кам аст. Мо, аз донишу таҷрибаи вай тайи ин ду соли охир хеле баҳра бардоштем.
– Низомиддин Абдуллоевич бемор Ҷўраевро ба ҳуҷраи шашум гузаронидем, - баробари рухсат пурсида вориди дафтари кории мудири шуъба шудан, хабар дод ҳамшираи шафқат.
– Акбар Ҳакимович, марҳамат, вале хоҳиш мекунам, дар сурати ба суҳбат майл надоштани бемор, ўро ба ҳолаш гузоред.
– Меҳфамам.
– Ба шумо барори кор хоҳонам, - гўён мудири шўъба ба ҳамшираи шафқат амр кард, ки майори милисаро то ҳуҷраи бемор роҳнамоӣ кунад.
-Хуб шудаст, - ба хизмат омода будани хешро иброз намуд ҳамшираи шафқат ва ҳамроҳи Абдумаҷидов дафтари кории мудири шуъбаро тарк кард.

пешина
аз 513
навбатӣ