Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуд - гуд - гуд! - шунид Абдумаҷидов садои телефонро ва ниҳоят Наврўз Умаров гушакро ба ҷояш гузошта гуфт:- Ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд.
– Шояд Оташакро ҳам ҷеғ занем? - пурсид Абдумаҷидов.
– Пеш аз пода ҷанг андохтан хуб нест. Ёд дорӣ, як маротиба ў ба генерали тағояш занг зада, ҳамаро расво кард.1
– Албатта. Охир барои ҳамин ба ӯ лақаби Оташак додаанд, ки сабру таҳаммул надорад.
– Баръакс, сабру таҳаммул дорад, вале меҳнати дигаронро чун моли хеш муаррифӣ мекунад. Дафъаи гузашта, вақте ки ў ба тағояш занг зад, мақсадаш ҳамин буд.
– Мегўянд шахсе, ки ҳангоми нўшидани шир сўхтааст, дўғро пуф карда менўшад, Биё, бало ба пасаш, ўро ҳам ҷеғ занем.
– Танҳо бо рухсати муфаттиш.
– Не, беҳтар мешуд, ки ўро мо фавран ҷеғ мезадем.
– Чаро?
– Чунки мо дар милисаем, дар хонаи худ ва ба қавле хуҷаини мутлақи ин дову дастгоҳ.
– Майлаш, рафта ўро ҷеғ зан.
Абдумаҷидов аз дар даромада, ду - се дақиқа пас, ҳамроҳи Масрури Мўсо вориди дафтари кории сардори бахши кофтакови ҷиноятӣ шуд.
– Хостем ба назди шумо биёем, вале мардум ҳамеша дар ҷустуҷўйи роҳбариятанд, аз ин рў шуморо ташвиш додем.
– Боке нест. Ҳаминаш беҳтар. Акбар Ҳакимович гуфтанд, ки кадом як суҳбатро гўш карданамон лозим.
– Ҳа, майор Абдумаҷидов баҳри мо туҳфаи арзандае овардааст.
– Мумкин-мӣ! - рухсат пурсида, вориди дафтари кории Наврўз Умаров шуд Бобо Самад.
– Марҳамат гузаред, - гўён ҳама баҳри вохўрӣ бо муфаттиш аз ҷой бархестанд.
Чун ҳама ҷойҳои хеш гирифтанд, сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ҳамагонро аз рафти воқеаҳои ду рўзи охир шинос намуда гуфт, ки соате пештар майори милиса Абдумаҷидов бо шоҳиде (аслан ўро шоҳид номидан мумкин

1 Нигар ба романи Шарифбек Азизӣ “Хокистари сӯзон.” нест: - гуфт Наврўз Умаров), аниқтараш бо шахсе, ки бо Раънои Носир муносибати дўстона доштааст, вохўрда, суҳбати вайро ба диктафон сабт намудааст.

пешина
аз 513
навбатӣ