Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чаро ўро ба ин ҷо наовардӣ? Онаи зорашро нишон медодем, - гуфт Оташак.
– Чунки ў пойи равон надорад, - посух дод Наврўз Умаров ва аз дил гузаронд, ки Абдумаҷидов то кунун бо собуни ин бачаи шайтон сар нашустааст. Ниҳоят ў тугмачаеро зер кард ва дар фазои дафтари корӣ овози Абдумаҷидов садо дод.
“-Ному насаб?
– Ҷўраев Шодӣ Муддинович.
– Рўз, моҳ, сол ва ҷойи таваллуд?
– 25 декабри соли … деҳаи Зартеғи ноҳияи Бўстонобод.
Барои надодан ё додани нишондоди бардурўғ дар асоси моддаҳои 351–352 Кодекси Ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо огоҳ мекунам.
– Ман ҳамаашро мефаҳмам.
– Ман донистан мехоҳам, ки шумо ба шаҳрванд Раънои Носир дар кадом муносибат қарор доред ва бори охирин ўро кай ва дар куҷо дидед?
– Аслан бо худораҳматии Раънои Носир ман ҳамсабақ ва боз ҳамсоя будам. Аз замони мактабхонӣ ман ба Раъно чун харидор нигоҳ мекардам, аз рўйи як сухани ў шуда, ҳатто ба ҷиноят даст задам. Дар айни вақт ману Раъно муносибати маҳрамона доштем, бори охир шаби панҷшанбеи рўзи 15 сентябр ҳамроҳи ў будам. Баробари субҳ дамидан, яъне рўзи чумъа, ман кулбаи ўро тарк кардам ва дигар ўро надидам.
– Чаро ўро худораҳматӣ гуфтӣ?
– Чун аз Зартеғ баргаштам, хабар ёфтам, ки Раъно худашро овехтааст, вале ба ин бовар накардам, чунки занеро аз ў дида ба зиндагӣ дилгармтар надидаам. Сипас, суҳбати охирини Раъноро ба ёд оварда, сари субҳ дар ҳолате, ки ҳанўз бонги хурўс садо надода буд, ба хонаи Собири Файз занг зада гуфтам, ки барои ў номае дорам аз Раънои Носир.
– Телефони Собири Файзро аз куҷо ёфтӣ?
– Дар ҳузури ман чанд маротиба Раъно ба писархонди қиблагоҳаш занг зада буд ва ман барои рўзи мабодо рақами он телефонро пинҳон дар дафтарчаам навиштам.
– Хуш, Собири Файз чӣ гуфт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор