Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ў гуфт, ки чӣ хел нома, модоме ки Раънохон як ҳафта боз дар қайди ҳаёт нест.
– Ман бошам гуфтам, ки нома аз он дунё ё худ нома аз ҷаҳанам. Умуман, ман ўро бовар кунонидам, ки вохўрданамон лозим, дар охир ў барои вохўрӣ розӣ шуд.
Ман гуфтам, ки ним соат пас ўро дар пеши дарвозаи марказии бозори «Саховат» интизор мешавам.
– Ҳанўз чашми рўз накафида?
– Албатта. Охир ман ба худ қавл додам, ки қотили Раъноро то оғози рўз дастгир намуда, ба милиса месупорам.
– Чаро ба милиса нею ба Собири Файз занг задӣ?
– Чунки Раъно нисбат ба эшон ақидаи нек дошт. Ў гуфт, ки агар Собири Файз мехост, ман кайҳо дар маҳбас будам, вале чун ҳуқуқшинос вазъи маро на танҳо дар чаҳорчўбаи қонун, балки дар мизони ақл низ баркашид. Ў на ин ки маро барои дурўғ гуфтанам дар байни мардум шарманда насохт, балки ҳолати руҳиямро чун ҳамсари дўсти қиблагоҳаш дар он лаҳзаи бароям мушкил фаҳмид. Ҳарчанд тайи як сол ман аз ў домангир будам, ки шантажист ба ҷуз вай дигар касе нест, чунки ҳамсараш Шабнам – апа маро чашми дидан надошт. Акнун аз андешаҳои нопоки хеш нисбат ба чунин як инсони наҷиб шармам меояд. Чун ҳама корҳоро ба сомон расондам, ҳардуямон ягон рўз ба хонаи Собир ако рафта, барои андешаҳои ботил аз ў узр мепурсем. Маҳз аз ҳамин рў он шаб хобам набурд. Субҳи барвақт ба дўсти хонадони Раънои Носир занг задам, то ҳарду якҷоя нӯги гиреҳро дар ҳодисаи мазкур дарёбем.
– Хуш, бо ў вохўрдӣ?
– Не, насиб набудааст.
– Чаро?
– Чунки ба ин ҷо афтодам.”
– Ба куҷо? - пурсид Оташак.
– Ба беморхона, - посух дод Абдумаҷидов.
– Ва шумо ба ў бовар кардед, ман аминам, ки ў худаш дар куштор даст дорад, - паст наомада гуфт Оташак.
– Ў дар куштор даст надорад, чунки ҳамон шабу рўз умуман дар шаҳр набудааст, - гуфт Наврўз Умаров.
– Пас ў дар куҷо будааст, канӣ алибиаш, мекунад? - талаб намуд Масрури Мўсо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор