Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ҳоло ҳам барои фаҳмишат вақт ҳаст.
Мошин истоду ў бо ронанда ҳисобӣ карда, ба тарафи хонааш рафт. Наргису Мурод, ки дар берун бозӣ мекарданд, ўро дида, “дадаҷонам омаданд,” - гўён ба тарафаш давида, дастҳояшонро дар гарданаш ҳалқа карданд. Аз муҳаббати беолоиши ҷигарбандонаш ў худро гум карду ашк дар чашмонаш ҳалқа зад, вале ҳамаи ин оби рехтаро мемонд…
Обида мурғи посўхтаро мемонд. Баъди муноқиша бо Назир Назар ва баромада рафтани ӯ ҷавонзан дигар ҷойи нишаст намеёфт. Шояд агар Хайём дар хона мебуд, ў худро ин қадар зору музтар ҳис намекард, вале ба умеди лаззати яклаҳзаина ў дирўз писарчаашро ба хонаи модараш, ки дар дигар гўшаи шаҳр зиндагӣ дошт, бурда буд. Акнун рафта овардани Хайём ҳам ба душаш афтода. Дирӯз модари пираш таъкид кард, ки боз ҳамин рафтагиаш нашаваду...
Аз он чи ки Обида андешаи хонаи ободи хеш накард, модари бечора дарун - дарун месўхт, вале шишаи бишкастаро пайванд кардан намешуд. Обида ягона духтар дар байни панҷ бародар буд, вале ў на танҳо фикри хеш накард, балки обрўйи бародаронро ҳам як пули пучак кард.
Аз ҳамин рў, бародарон бо ў муносибати сард доштанд, шояд агар эҳтироми модар намешуд...
Сабаби ҷудошавии хешро аз падари Хайём ҷавонзан аслан ба тиҷорат шабеҳ медод. Гўё шавҳар мехост ўро дар қафас нигоҳ дорад, вале дар асл чунин набуд. Рафту агар дар атрофи номи ҳамсар падари Хайём овозаҳои мухталифро намешуниду Обидаро бо гуноҳаш дастгир намекард, аз ў халос шудан осон набуд. Ба ҷуз бародарони Обида, ки ба дифои хоҳар нияти бархестан доштанд, дигар касе аз асли воқеа огоҳ набуд, чунки собиқ шавҳар маҷбур шуд, ки бародарони ҳамсарашро аз корнамоиҳои фарзанди падарашон огоҳ созад, то ў ва ҳамсари навашро ба ҳоли хеш гузоранд.
Бо мўйсафед Ёқуби Соиб ў тасодуфан дар бозор шинос шуд ва ба ҳамсоягии ў ҳам кўчида рафтани ҷавонзан, ин мақоли халқии «меҳр дар чашм» буд. Чун ў фаҳмид, ки ҳамсояи Ёқуби Соиб хонаҳояшро нияти фурўхтан дорад, хонаҳои хешро дар кўчаи Абдуллобеков ба фурўш монду ба манзили нав кўчид. Ҳафтае нагузашта мўйсафедро пойбанди муҳаббати хеш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор