Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Баъди чанде мўйсафед ўро чунон имтиҳон кард, ки то кунун дар ёдаш монда.
Баъди ин ҳодиса ў на танҳо нисбат ба мўйсафед Ёқуби Соиб кина дар дил гирифт, балки ҳамсари нави ў Раънои Носирро, ки ҳамаги се сол аз худаш хурдтар буд, чашми дидан надошт, вале баҳри амалӣ намудани ниятҳои нопоки хеш...
Ҳарчанд ин кор осон набуд, вале модагург ҷомаи меш ба бар кард. Нисбат ба дигар ҳамсояҳо, ки арўси нав Раънохонро чашми дидан надоштанд, Обида ниҳоят меҳрубону дилсўз баромад. Маҳз ҳамин ҳолат ўро бо Раънохон наздик кард. Раънохон, ки дар дунё ба ҷуз сари танҳои хеш дигар касе надошт, ўро апаи қиёматӣ хонд.
Рафтори Обида ба дигар ҳамсояҳо хуш наомад, вале ўро ба ин коре набуд. Бечора ҳамсояҳо аз куҷо медонистанд, ки Обидаро чӣ фикру хаёле дар сар аст.
Обида борҳо дар бораи ҳамсояҳо фикри Раъноро донис - тан мехост. Ў ҳамеша аз забони шоир як сухан мегуфт:
Илоҳо хонаи душман насўзад, Ки дар паҳлўи ў ман хона дорам.
Баъзан Обида суханони Раъноро дар нисбати хеш киноя мепиндошт, вале чӣ илоҷ, ки ўро мақсаду мароме дар пеш буд.
Аз он ки Ёқуби Соиб дар бораи муҳаббати хеш бо ҳамсоя муҳри хомўши ба лаб гирифта буд, Обидаро далертар кард. Шояд ба он умед, ки рўзе мешаваду Раънохон худ мўйсафедро тарк мекунад ва боз Обида медонаду дави аспаш. Афсўс ки ҳамааш аз бад бадтар шуд. Ёқуби Соиб ишқи Раъноро қадр карду бо ў издивоҷи расмӣ кард.
Муҳаббати ҷавонзан чунон дар қалби марди пир ошён гузошт, ки Обида қариб буд девона шавад. Оҳ, агар ў мефаҳмид, ки як вохўрии ноҷо бо шавҳари Гулбарг ин қадар орзую омоли ўро бар бод медиҳад…
Баъди як соли издивоҷ бо Раънохон баъзан фишори хуни Ёқуби Соиб баланд мешуд. Худо накарда ў ногаҳон ҷон ба ҷонофарин месупурду ин ҳама давлату савлати хеш ба Раъно мемонд. Не, Обида ба ин чиз муросо карда наметавонист.
Гардиши айёмро дарк накардан хатои маҳз буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор