Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Баъди анҷоми корҳои ҷорӣ ў ҳуҷҷатҳоро ба ҷузвдони коғазин монда, ба гўшаи чапи мизи кориаш гузошт ва тугмачаи зангро зер кард. Котиба вориди утоқи корӣ гашта, бо ишораи сардор ҷузвдонро гирифта ба дар рафт…
Ҳамид Ҷовид лаҳзае қоматашро рост карда, тамоку даргиронд ва назди тиреза рафт. Аслан аз тирезаи утоқи кории ў танҳо ҳавлӣ намудор буду бас. Дар ин рўзҳои охири моҳи август дар ҳавлӣ ҳам касе набуд, чунки дар гармо касе майли нишастан надорад. Аз он чи ки Гурезов занг зада, аз натиҷаи кориаш хабар дод, Ҳамид Ҷовид хурсанд шуд. Ду - се рўз пеш Сорбони Ҳомид рост гуфт, ки уқобро парвоз уқоб кардааст ва ба гумон аст, ки парвози аввалин бе камбудӣ бошад. Ба ҳар ҳол Гурезов бо кадом дастовард меомад, ҳанўз муаммо буд, вале сардори ШКД ба анҷоми неки кори шогирд боварӣ дошт…
Ў боз сари мизи кориаш баргашт ва рўзномаеро ба даст гирифт. Аслан рўзномаю маҷаллаҳо аз бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ халқ хабару мақолаҳо дарҷ намуда буданд ва Ҳамид Ҷовид сари камбудиҳои ҷойдошта хеле андеша намуда, ниҳоят аз байни рўзномаю маҷаллаҳо ҳафтаномаи «Сканворд» – ро ба даст гирифт. Аслан бо кроссворду сканвордҳо кор кардан ин шуғли дўстдоштаи Ҳамид Ҷовид аст ва ин шуғл дар қалби ў аз замоне маскан гирифт, ки собиқ ҳамсабақаш Саид Қаландар дар рўзномаи «Ҷавонон»
кроссворди калоне чоп намуда буд. Аввалҳо рўзномаҳо танҳо кроссворд чоп мекарданд ва тӯлии солиёни зиёд талаботи мардум ба ин масъала афзуд, ки боз сканвордҳо ба чоп расиданд ва ниҳоят онҳо ба рўзномаи алоҳида мубаддал гаштанд. Сканвордҳо ҳамчун рўзнома, пеш аз ҳама маҳсули ҷамъияти бозаргонӣ буданд ва сари ин қадар муаммо майна об кардан ҳам шояд ба ноширон садҳо ҳазор сомонӣ даромад меовард. Аксари сканвордҳо одӣ бошанд ҳам, вале дар асл ҷавоби саҳеҳеро мехостанд. Ниҳоят ў чашм ба саволҳои аввалини ҳафтанома дӯхт: Ташаббускори лоиҳаи биҳишти зериобӣ? Қиматтарин китоби дунё, ки бо нархи 24 миллион доллар фурўхта шудааст? Зани аз ҳама қиматбаҳои дунё, ки пайкари хешро бо як миллиард евро суғурта кардааст?
Персонажи комиссари политсия, ки соли 1966 дар шаҳри Делфайзи Голландия баҳраш пайкара гузоштаанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё