Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бад не, - зери лаб гуфт Ҳамид Ҷовид. Аслан ўро танҳо ду саволи ин чор муаммо ба ваҷд овард. Ў бисёр донистан мехост, ки кадом хонандае китобро бо чунин нархи гўшношунид харидааст ва он китобро чӣ номест ва боз фаҳмидан мехост, ки голландиҳо пайкараи кадом ҳомии қонунро барафрохтаанд. Хоначаҳои холии сканворд худ гувоҳи он буданд, ки номи китоб аз чаҳордаҳ ҳарф ва номи персонажи полис аз панҷ ҳарф иборат аст. Ҳамид Ҷовид ана сари ҳамин персонаж ба андеша рафт. Ў аслан нисбат ба асарҳои моҷароӣ бе тафовут набуд ва персонажҳои асосии қисме аз асарҳои моҷароиро аз ёд медонист. Аслан дар панҷ хоначаи сканворд ў якчанд номро, ки аз панҷ ҳарф иборат буданд, ҷо карданӣ шуд:Пуаро, Холмс, Гуров, Мегрэ ва ҳар кадоме аз ин персонажҳо метавонистанд ба дили хонандаи голландӣ чун қаҳрамони воқеӣ ангушт зананд.
Сари ҳар як персонаж мебоист фикр намуд, вале саволи дигаре худ сари ин масъала нуқта гузошт ва персонажи пайкардорро ба саҳна овард. Аслан саволи навбатӣ чунин буд: Бозиҳои нуҳуми олимпӣ дар куҷо баргузор гардидааст?
Ҳамид Ҷовид аз 19 июл то 3 августи соли 1980 дар бозиҳои бистудуюми олимпӣ дар шаҳри Москва иштирок карда буд ва аз таърихи бозиҳои олимпӣ бохабар буд. Аслан нуҳ хоначаи холии сканворд интизори навиштани шаҳре буданд, ки дар он бозиҳои нўҳуми олимпӣ гузашта буд ва Ҳамид Ҷовид бе ягон дудилагӣ болои хоначаҳои холӣ чунин навишт: Амстердам, ҳарфи охирини шаҳре, ки бозиҳои нуҳуми олимпӣ баргузор шуда буд бо ҳарфи аввали персонажи полис рост меомад ва сардори ШКД номи қаҳрамони асарҳои Сименон Мегрэро рўи лисон овард…
Сорбони Ҳомид дарро кушода, рухсати даромадан пурсид.
– Марҳамат дароед, - аз ҷой ба истиқболи капитани милиса хеста, баҳри вохўрӣ даст дода, курсиеро барои нишастани Сорбони Ҳомид нишон дод. Сардори ШКД дар курсии рў ба рў нишаста, аз кору бори ў пурсон шуд.
– Ҳама корҳо нағз, ба шарте ки Гурезов бо дастовезе меомад.
– Ним соат пеш Гурезов аз шаҳр занг зад ва ман ба ў рухсати бозгашт додам. Чун гўшакро ба ҷояш гузоштам, ба ёд овардам, ки ўро сари қадам барои гирфтани натиҷаи ташхиси баластикӣ фиристодан лозим буд.

пешина
аз 513
навбатӣ