Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчи мо кардем, ба хотири амон мондани сари хеш кардем, шояд Раъно ҳам ба ҷойи мо мебуд, чунин рафтор мекард.
Лаҳзаҳои ду ҳафтаи охирини ҳаёти Раънои Носир ҳеҷ аз мадди назараш дур намешуд. Ў ҳатто ба гўшаи хотир ҳам намеовард, ки руҳи шахси дунёи фониро тарк карда, шахсро чун соя дунболагир мешавад.
Субҳи рўзи 19 сентябр ў аз хона набаромад. Соате пас аз фурудойи ТУ-154 ба фурудгоҳи шаҳрӣ занги телефон садо доду Обида гўшакро бардошт.
– Ин ман.
– Фаҳмидам. Медонӣ чӣ?
– Чӣ буд?
– Дар наздикиат ягон кас нест?
– Нест, бемалол гап задан гир, ситораи ман.
– Ман хостам ба фурудгоҳ биёям, вале боз андеша намудам.
– Ҳаминаш беҳтар аст.
– Ман бо ту гап дорам.
– Гап задан гир, ягон кас нест.
– Не, ин гапи телефонӣ нест.
– Чӣ ягон ҳодиса шуд?
– Бале, ҳодиса шуд.
– Ҳоло ман ба хона меравам, соати 14.30 дақиқа наздат меоям.
– Не, ба хона омаданат шарт нест, беҳтар мешуд, ки дар ягон ҷойи дигар вохўрем.
– Майлаш, дар ҳамон вақти гуфта ба тарабхонаи «Дидор» биё.
– Фаҳмидам, – гўён ӯ гўшакро ба ҷояш гузошт.
Баръакси вохўриҳои дигар, ў худ ним соат пеш аз вақти таъиншуда назди тарабхонаи «Дидор» омад. Сараввал хост вориди тарабхона шавад, вале боз андеша карду ба тарафи муқобили роҳ гузашта, пеши дари даромадгоҳи тарабхонаро ба зери чашм гирифт. Расо баъди бисту панҷ дақиқа аз самти муқобил Назир омад ва ўро ба тарабхона даъват кард.
– Беҳтар мешуд, ки дар ҳамин ҳавои тоза нафас мегирифтем, - гуфт ҷавонзан ва ҳарду ба самти шимол қадам ниҳоданд. Обида ҳамсари дугонаашро, ки ўро ситораи ман мегуфт, бо рафти воқеаҳои рўзҳои охир шинос кард.

пешина
аз 513
навбатӣ