Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дар бораи баландшавии фишори хун ва роҳҳои паст кардани он ў аз матбуоти даврӣ, намоишҳои телевизионӣ маълумоти хубе гирифта буд.
Дар бораи баланд бардоштани фишори паст каму беш маълумот дошт, чунки гоҳ - гоҳ ба модари пираш, ки фишори хунаш паст буд, ба воситаи сўзандору доруи «Адреналин» мегузарониданд.
– Рафту ба ҷойи дибазол ба шахсе, ки фишори хунаш баланд аст, адреналин ва ба ҷойи адреналин ба шахсе, ки фишори хунаш паст аст, дибазол гузаронанд чӣ? – боре пурсид ў аз духтуре, ки модарашро табобат мекард.
– Тогда болному хана.
– Как это понять?
–Оллоҳу акбар, дидорҳо дар киёмат, - бо забони канда - кандаи тоҷикӣ гуфт ҳамшираи шафқат, ки худ русзабон буду ба хотири муҳаббати шавҳараш забони модарии ўро нияти аз худ кардан дошт.
Ў ба хонаи ҳамсоя чун ба хонаи хеш медаромад. Боре дар аввалҳои моҳи феврал як ампулаи адреналинро ба қуттии дибазол ҳамроҳ кард, ҳафтае пас боз аз он қутти ду ампулаи ду миллиграммаи дигарро иваз кард.
Чун аз суҳбати писархонди Ёқуби Соиб ва Раънохон дар ошхона воқиф гашт, дар ҳоле ки Собири Файз аз ошхона ба истиқболи ҳамсар рафту Раънохон ба маҳфили хонаи шафат, ў он ампулаи холишудаву сўзандоруро, ки сабабгори марги мўйсафед шуда буданд, пинҳони ба хонааш бурд. Лаҳзае пас он қуттии дибазолро низ пинҳонӣ бо худ бурд. Чанд вақт пас, ҳангоме ки ҳамроҳи шавҳари Гулбарг дар бистари муҳаббат ғел мезаданд, он асрори ниҳон ошкор кард ва дар интиҳо ҳарду аз як гиребон сар бароварда Раънохонро хеле афшонданд.
Вақти дар қайди ҳаёт будани Раънои Носир онҳо соҳиби бист ҳазор сомонӣ шуданд. Обида кўшиши зиёд ба харҷ дод, то дугонааш Гулбаргро ҳам ба ҳамсоягиаш биёрад.
Ҳамааш нағз буд, агар ў ҳамон ду панҷоҳсомониро ба Раъно намедод! Бубин, Раъно бо худ чӣ кард? Аз рўйи ду панҷоҳсомонӣ шуда…
Не, ваю Назирро дигар илоҷе намонда буд, охир зиндагӣ дар чунин ҳолатҳо ҳаминро тақозо мекунад. Агар мо чорае намеандешидем, Раъно ба милиса мерафт. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор