Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Акнун он доруи ҷонбахше, ки Обида баҳраш тайёр намуда буду бояд ўро дар хонаи худаш ба ў медоданд, лозим донистанд, ки дар ҳамин ҷо ба ҳалқи ҷавонзан резанд. Обида бо як чашмак задан Назирро ба ҳуҷум тайёр карду яку якбора ҳарду ба Раъно дарафтоданд.
Дар рафти задухўрд оринҷи дасти рости Назир ба курсӣ бархўрда хуншор шуд, вале дигар роҳи қафо баргаштан набуд. Онҳо маҷбуран ҳамон доруи «ҷонбахш» – ро ба ҳалқи Раъно рехтанд. Лаҳзае пас ҷавонзан чун мурғи бисмил тапида - тапида ҷон дод.
Занги телефон садо доду Обида аз байни андешаҳои ҳузнангез берун шуда, гўшаки телефонро бардошт.
– Ало, ало.
Шояд рафтори зангзананда, ки акнун муҳри хомўшӣ ба лаб гирифта буд, ғазаби ўро овард, ки гўшакро ба ҷояш гузошт.
Афсўс бар он хўрд, ки Назир занг назад. Дирўз ба модараш ваъда дода буд, ки фардо омада Хайёмро мегирад.
Ў чашм ба соати калони деворӣ дўхт. Ақрабаки соат ба шонздаҳ наздик мешуд. Рафту агар мефаҳмид, ки Назир меояд, асло имрўз ҳам барои овардани Хайём ба хонаи модараш намерафт, вале…
Тағйири либос намуда, аз хона баромад.
Ў аслан вақте ба истгоҳ омад, ки мардум аллакай аз кор баромада, нияти ба хонаҳои худ рафтан доштанд. Мардум ҳамдигарро тела дода, ба автобус даромадан мехостанд. Ў низ бо азобе худро дохили нақлиёти шаҳрӣ гирифт. Автобус аз чӣ бошад, ки ба ҳаракат намедаромад. Пулчинакҳо аз дари пешу қафо роҳгузаронро барои ба нақлиёти шаҳрӣ нишастан даъват мекарданд. Гўё одам не, балки дар дохили бочкае моҳии шӯр «селёдка» мебурданд. Ниҳоят баъди мағали мусофирон автобус ба роҳ даромад.
“Шуд, шуд, акнун ман фаҳмидам, ки ту чӣ кассе будаӣ?
Афсўс, ки ман туро дер фаҳмидам,” - ба ёд овард ў суханони Назирро ва ба хулосае омад, ки дигар баргаштани Назир ба гумон аст. Аз ҳамин лиҳоз қарор дод, ки шаб ҳамроҳи модараш меистад…
Баъди рафтани Собири Файз онҳо хеле хомўш нишастанд. Ҳар кадоме сари андешаҳои хеш. Муфаттиш нишондоди охирини Файзовро ба нишондодҳои аввалааш дар мизони ақл баркашида, ба хулосае омад, ки ўро аз ҷавобгарӣ роҳи гурез нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор