Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Маҳз агар ў дар вақташ ба қадри суханони мўйсафеди дўсти қиблагоҳаш мерасид, шояд ў зинда мемонд. Не ба гумон аст, охир рост гуфтаанд, ки аз тақдир роҳи гурез нест. Мо то ҳоло намедонем, ки он ампулаҳои андреналинро кӣ ба он қуттии дибазол гузоштааст, ҳарчанд Абдумаҷидов бар он ақида аст, ки ин ҳам кори Обидаи Баҳром аст ва ба ҷуз ў касе наметавонист ба ин кор даст занад. Ин ҳолатро ба ҷуз Обидаи Баҳром, дигар кӣ ҳам метавонад инкор ё тасдиқ намояд. Рафту агар дар вақташ Собири Файз андешаи “туҳфаи” Раъ намекард. Ҳангоми тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ хоҳу нохоҳ, шахсе, ки адриналинро ба қуттии дибазол гузошта буд, рўйи об мебаромад.
Дар замоне, муфаттиши прокуратура сари андешаҳои хеш ғӯтта мезад, Абдумаҷидов ҳам сари суханони имрўзаи собиқ милиса андеша дошт. Аслан нишондоди имрўзаи собиқ корманди милисаро ба ҷуз иқрори маҷбурӣ дигар хел номидан мумкин набуд. Тафтишот Собири Файзро аз ҳар тараф ба кунҷе бурд, ки дигар ў худ роҳи халосиро аз он надид. Дид, ки дигар роҳи гурез нест, чун булбул ба сухан даромад. То кунун дар гўши ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ суханони охирини Собири Файз: “ман гунаҳкорам,” чун путк садо медод.
– Дар бораи Собири Файз чӣ андеша доред? – хомӯширо вайрон карда гуфт муфаттиш.
– Мову шумо ҳам агар дар чунин аҳвол меафтидем, бояд чунин рафтор мекардем.
– Гуфтаниед, ки вай гуноҳ надорад?
– Не, ман бегуноҳии ўро собит карданӣ нестам, вале дар ҳамон лаҳзаҳое, ки Раънои Носир ўро бо фиреб ба хонааш оварда, он чойи ҷонбахшро ба дасташ дод ва сари субҳ ўро ҳамчун шоҳид муаррифӣ намуд, ўро роҳи дигаре ба ҷуз тасдиқи фикри ҷавонзан набуд.
– Ҳеҷ кас ўро гунаҳкор намекард, вай инро нағз мефаҳмид.
– Акнун мо наметавонем ба суханони вай бовар накунем.
– Бовар кардем, вале бо кадом нарх?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор