Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Рафту мо агар ўро даст бигирем ҳам, ӯ дар назди виҷдонаш гунаҳкор мемонад.
Хунро бо хун нашустаанд, вале ҳар кас бояд мукофоти амали хеш бигирад. Беҳтар мебуд, ки мову шумо худро аз торҳои танидаи Собири Файз дуртар мегирифтем.
– Баҳс карданӣ ҳам нестам, вале ҳеҷ кас кафолати аз доираи қонун баромаданро надорад.
– Собири Файз акнун моро ба кунҷе бурдааст, ки аз он ҷо бе муҳориба баромадан ғайриимкон аст.
– Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, бе ҷудо кардани қисми парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ, моро роҳи дигар нест.
– Ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷиноятӣ, ки аз рўйи ҳодисаи ба қатл расонидани Раънои Носир оғоз гардидаанд, ҳамин ҳолатро тақозо мекунанд. Агар қисми онҳоро, ки ҷавоби алоҳида мехоҳанд, мо дар истеҳсолот ҷудо накунем, ягон прокурор фикри айбдориро тасдиқ намекунад ва ягон суд ҳам онро мавриди баррасӣ қарор дода наметавонад.
– Боз кадом ҳолатҳое ҳастанд, ки тафтишотро қонеъ карда наметавонад?
– Бо ҳама он каму камбудиҳое, ки Собири Файз содир намудааст, ман нисбат ба ў эҳтироми беандоза дорам, чунки дар ҳама ҳолат ў чун мард рафтор намудааст. Масъалаи дигаре, ки бандаро ба ташвиш овардааст, ин рафтори ноҷавонмардонаи Қурбонов аст. Оҳ, ман чӣ қадар мехостам, ки ўро ба курсии судӣ кашам, вале сад афсўс ки қонун барои чунин ҳолатҳо чорае пешбинӣ накардааст. Шумо гумон насозед, ки ин эҳсосоти ман аст.
– Охир ҷисми беҷони Ёқуби Соибро аввал ҳамин Қурбонов дида будааст?
– Дар ин ҷо ў гуноҳе надорад, хулосаи худро дар асоси нишондоди Раънои Носир ва Собир Файзов баён намудааст.
Дигар кас ҳам ба ҷойи ў мебуд, аз ин хулосаи дақиқтаре намедод, чунки синну соли Ёқуби Соиб ба ҳафтоду ҳашт расида буд ва кас ба гўшаи хотир ҳам оварда наметавонад, ки касе қасди ҷони ў намуда бошад. Ба замми ин, барои аниқ намудани сабабҳои марг ташхиси аниқи лабараторӣ лозим буд. Модоме ки касе аз атрофиёни Ёқуби Соиб нисбат ба марги ў изҳори нигаронӣ накардааст, Қурбонов чӣ ҳам мегуфт? Дар ҳақиқат дар ин ҷода қонун нисбати Ғиёс Аслович дасткўтоҳ аст. Ҳарчанд мо бояд шаъну шарафи одамро пос дорем, вале Қурбонов ба ягон имтиёз лоиқ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор