Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Рост, вале тақдирро касе пешгўйӣ карда наметавонад.
Ман аминам, ки агар Собири Файз мефаҳмид, ки он ампулаи холиро каси дигар ба мақсади шантаж намудани Раънохон гирифтааст, қиёматро ба по мехезонд. Охир ӯ гуфт, вақте ки аз берун баргашт, он ампулаи холӣ ва сӯзанро надидаст, шикасти хешро эҳсос намуда, дигар сари ин масъала баргаштанро ба шаъни худ раво надонистааст.
– Агар дигар кас мешуд, бовар кардан мумкин буд, вале Собири Файз мӯйи сари хеш дар корҳои ҷустуҷўӣ сафед намудааст. Ба замми ин, ў худ ҳимояи шахсони ба роҳи каҷрафта ва аз доираи қонун баромадаро ба душ дорад, наход намефаҳмид, ки чунин хунукназарӣ, чӣ оқибате ов метавонад.
– Мисли оне ки дар лаҳзаҳои зарурӣ беҳтарин суханҳо фаромўш шуда, гӯётарин забонҳо лол мегарданд, ин ҷо ҳам ҳамин хел шудааст. Собир Файзович ба дарди ҳама даво шуду чун навбати худаш шуд, лол монд, чӣ кор кардан надонист.
– Намедонам, бо ў чӣ кунем?
–Нишондоди ҳозираашро, чун нишондоди яккаву ягона ба инобат гирифтанамон лозим мешавад.
– Оё Замиров ба ин розӣ мешуда бошад?
– Ин ҷо Замиров чӣ дахл дорад?
– Охир вай ҳам нишондоди ӯро хонда буд.
– Мо наметавонем вазъияти эшонро ба инобат нагирем.
Биё беҳтараш худро дар ҳамон ҳолат ба ҷойи ў тасаввур намоем.
– Тасаввур намудам.
– Хуш, чӣ хел? Оё шумо дар ҳамон ҳолат ба ягон ҷо арз мекардед?
– Намедонам. Ниҳоят вазъи ногувор.
– Ман боварӣ дорам, ки шумо ҳам мисли ӯ рафтор мекардед.
– Ба гумон аст.
– Беҳтар мешуд, ки мо роҳи аз ин варта берун овардани вайро медидем.
– Акбар Хакимович, ман чӣ гуфтанро намедонам.
Собири Файз бо ҳама таҷрибаву дониши хеш пой болои қонун гузошт. Агар аз рўйи инсоф гирем, ў на танҳо ҷиноятро пешгирӣ накард, балки аз беҳаракатии хеш сабабгори сар задани ду ҷиноят гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор