Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Намедонам. Умуман, Солеҳ дар бораи падару модараш чизе ҳам намегуфт.
– Ба тақдир тан додан лозим, Сабоҷон. Охир ману падарат ҳам хушбахтии туро мехостем, кӣ медонист, ки…
– Оча!
– Ҷони оча.
– Шояд исқоти ҳамл намоям?
– Магар як хатоии мо кам буд, ки дуюмбора туро ба варта тела диҳем, касе исқоти ҳамл мекунад, ки ғайри шариат ҳомила шудааст ва аз бадгўиҳои мардум метарсад.
– Ман ҳам метарсам, шояд исқоти ҳамл беҳтар бошад?
– Ҳаргиз ин хел нест. Охир Худо шоҳид, ки ту дар қайди никоҳи Солеҳ будӣ. Ҳамсояҳо ҳама медонанд. Не, бачам хуни ноҳақ рехтан гуноҳ аст. Нашавад, ки рўзе ба нохуни фарзанд зор шавӣ. Ғазаби Худоро набиёр, бачам.
-Ҳамсояҳо мегўӣ. Онҳо ба ман тарзе нигоҳ мекунанд, ки...
– Биё, мон ин гапҳоро.
– Чаро падарам як бор ҳам занг намезанад?
– Бачам, падарат дар курорт нест, ки ҳар рўз занг занад.
Охир ў ба Русия мардикорӣ рафтааст.
– Ҳамон вақте ки даҳ ҳазор доллар қарздор шуд, дар Русия буд - ку. Мардум аз Русия омада зиндагии хеш обод мекунанд, вале падари ман қарздор шуда фарзандашро ба гарав монд, боз нашаваду…
– Ой гесубурида, наход шармат наояд, ки падарро муҳокима мекунӣ.
–Вақте ки шумою падарам маро бе розигии худам ба оғўши марди чилсола партофтед, шарм накардед - ку?
–Даматро гир!
Сабоҳат ба хонаи хобаш гузашт. Ў ҷисми беҳоли хешро болои кати мулоим партофт. Чун каме ором шуд, тифли дар батнаш буда, ғел зада аз ҳастии хеш дарак дод. Сабоҳат сари суҳбати имрўзаи хеш бо мўйсафед ва модараш хеле андеша кард. Ў нағз мефаҳмид, ки падараш ба чӣ корҳо машғул аст.
Модараш гумон дорад, ки ў намедонад. Бубин, исқоти ҳамл кардани тифлро модар хуни ноҳақ медонад, вале он чӣ ки шавҳараш ба нашъаҷаллобӣ машғул аст, муҳри хомўшӣ ба лаб гирифтааст, бехабар аз он ки шавҳараш ба хуни садҳо ё шояд ҳазорон мардуми бегуноҳ зомин мешавад, вале модар хомўш асту хомўш…

пешина
аз 513
навбатӣ