Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лайлиро мавҷи хаёлоташ рўйи баҳр нигоҳ медошт ва ҳеҷ не, ки мавҷе ўро ё ба соҳили чап ё ба соҳили рост тела диҳад…
Бо ҳамин аҳвол ў боз лаҳзае ба Даврон нигарист ва фаҳмид, ки нимаи заифи дилаш бозиро бохт. Лайлӣ ҳамон хел бе садо аз ҳуҷра баромад ва аз пеши дари даромадгоҳ овоз дод:
-Даврон…


Муфаттиши прокуратура Сорбони Ҳомиду шогирдашро хуш пазируфт.
Гурезов ҳамаи ҳуҷҷатҳои аз шаҳр овардаашро аз ҷузвдон бароварда, назди Самадов гузошт. Муфаттиш чой рехта ба назди меҳмонҳо гузошт ва худ коғазҳоро ба даст гирифт. Вай ки ба натиҷаи ташхиси баластикӣ умед дошт, баробари мутоилаи хулосаи ташхиси баластикӣ тарбуз аз бағалаш афтид. Аз ЭКО хабар дода бурданд, ки нақши патрони аз маҳалаи Хушкакдара ёфтшуда дар бойгонӣ нест. Ҳамин як ҷумла ҳамаи нияту мақсади муфаттишро барбод дод. Аммо ин маънои онро надошт, ки то кунун аз он автомат қасди ҷони дигаре накарда бошанд. Шояд ҳамин тавр ҳам буд, вале касе ба ин кафолат дода наметавонист, чунки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳанўз ҷиноятҳои вазнини нокушода хеле зиёд буданд ва боз кӣ медонад?
Сорбони Ҳомид, ки солҳои ҷанги бародаркушӣ дар милитса адои вазифа мекард, нағз дар хотир дошт он рўзҳоро.
Чун ҳама кӯру кар соҳиби Калашников шуданд, ҳаракати онҳо ҷини аз кўза берун омадаро мемонд, ки дигар майли ба кўза баргаштан надошт. Чӣ қадар кормандони милиса дар ин роҳ ҷони хеш нисор карданд, ҳисобашон гум… Вале то ҳанўз дар дасти баъзе аз афроди ҷиноятпеш аи дар мавзеи Хушкакдараи ноҳияи Гулобод рухдода худ далели ин буд.
Самадов коғазҳоро як сӯ гузошта, андешаҳои хешро нисбат ба маводи гирдовардашуда баён сохт. Дар хусуси он ки ташхиси балластикӣ натиҷае надодааст, ў изҳори нигаронӣ кард ва фикри капитани милитса Сорбони Ҳомидр донистан хост.
– Дар бойгонӣ набудани нақши гилзаи аз ҷойӣ ҳо гирифташуда, доираи фаъолияти ҷустуҷўиро паст намекунад.
Марра ҳамеша як аст, вале роҳҳои ба он расидан гуногун.

пешина
аз 513
навбатӣ