Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ба гумон аст, ки духтар дар ин ҷо ба ҷуз Солеҳ Ҷалил каси дигарро гунаҳкор созад. Солеҳ Ҷалил бошад, аллакай ҷазои хешро гирифтааст.
– Он чи ки ба сари Солеҳ Ҷалил омад, ин сарнавишти ўст ва ҳеҷ гоҳ сарнавишт, ки азалист, ба доираи ҷазо дохил намешавад.
– Акнун мехостем фикри шуморо чун пири кор шунавем.
– Модоме ки духтарро дар чунин синну сол ба шавҳар додаанд, бояд сабабе бошад, ки мо ҳанўз намедодем. Айб дар ош аст ё дар мош, ҳанўз муаммост. Аминам, ки тафтишот ба сари ин масъала бармегардад.
Дуюм, ҳоло фиребу дурўғ қариб ки садри маърака шудаанд ва рўзе нест, ки аз рўйи ин масъала парвандаи ҷиноӣ оғоз нагардад. Ҷавонони ин замонаро ҳам фаҳмидан душвор, ҳарчанд дар мактаб ҳам нахонда, аз ҷамъияти бозаргонӣ он қадар дарси макру фиреб аз худ кардаанд, ки шайтонро ҳам ба як нӯл мезананд. Мо инкор кардани нестем, ки Солеҳ Ҷалил барин мардони занбоз даст ба домони чунин духтаррони ноболиғ набурда бошад. Вале ҳастанд духтароне, ки чунин мардонро ҳам ба як нӯл мезананд. Ҳамин чиз моро водор мекунад, ки сари ҳаракатҳои Сабоҳати Маҳмад андеша намоем.
– Чиро дар назар доред?
– Пеш аз ҳама меросро. Таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ моро водор месозад, ки сари ин масъала андеша намоем.
Бубинед, бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки барои мерос шуда, яке қасди ҷони дигаре мекунад ва дар воқеаи мазкур ҳам ҳамин ҳолатро инкор кардан нашояд. Модоме ки духтар ба хонадони Ҷалил Барот рафтааст, албатта ўро матлабе ҳаст.
Духтар метавонад ба воситаи ДНК исбот намояд, ки тифли дар батнаш буда аз Солеҳ аст, агарчи ў дар қайди никоҳ ҳам нест. Давлат фарзандонро инаш аз никоҳ таваллуд шудаасту ваяш бе никоҳ ҷудо намекунанд. Суд метавонад тифли дар батни Сабоҳатро низ ҳамчун меросхӯр эътироф намояд.
Ҳолати дигареро низ набояд ба гўшаи фаромушӣ диҳем, чунки ман ҳанўз дар худи милиса сари ин масъала андеша намудам…
– Гўш мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё