Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бисёр хуб, масъалаи дароз намудани муҳлати сафари хизматиатонро худи ҳамин рўз бо Ғаюр Наботович ҳал мекунам.
– Аминам.
Баъди даҳ – понздаҳ дақиқа мошин ба роҳ мебарояд.
– Рухсат диҳед аз пайи иҷрои супоришатон шавам, – аз ҷой бархеста ба таври низомӣ гузориш дод Сорбони Ҳомид.
– Марҳамат, аз пайи кор шавед!
Дар вақти таъиншуда гурўҳи фаврии тафтишотӣ бо иштироки муфаттиши прокуратура, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум Самадов, эксперт – криминалист, лейтенанти калони милиса Баҳриев, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти милиса Гурезов ва капитани милитса Сорбони Ҳомид ҳамроҳи сарчўпони хоҷагии зотпарварии «Ҳосилот» Шодии Лоиқ ба мошини милиса УАЗ - 469 нишастанд. Ташхисгари тиббӣ - судӣ Мавлонов дар мошини хизматиаш, ки дар паҳлуяш «Ёрии тиббӣ» навишта шуда буд, ба пеши идораи милиса омад ва баробари ба назди он расидани мошини «Ёри тиббӣ» мошини милиса ба ҳаракат даромад. «Ёри тиббӣ» низ дигар таваққуф накарда, ба роҳ даромад…
Расо баъди ним соат Шодии Лоиқ, ки вазифаи роҳбаладро ба уҳда дошт, мошинро дар дуроҳае боздошт ва чӣ тавр ба ҷойи ҳодиса рафтанро ба ҳозирин фаҳмонда, худ ба тарафи аспаш, ки болотар аз роҳ болои майсазорон дар чаро буд, рафт…
Рахш соҳибашро баъди понздаҳ - бист дақиқа аз мошинҳо ба ҷойи ҳодиса овард. Чун роҳбалад омад, азназаргузаронии ҷойи ҳодиса оғоз шуд. Баҳриев тамоми мавзеи ҷойи ҳодисаро аввал ба навори камераи «Сонӣ» гирифт ва бо хоҳиши Самадов Шодии Лоиқ бо нишон додани ҷисми мақтул аз дида ва шунидаи хеш сухан гуфт. Сипас, ташхисгар - криминалист ҳамаи он манзараро дар шакли панорама бо суратгираки «Зенит-Е» акс гирифт. Танҳо баъди ин Самадов барои муоина ба Мавлонов, ки хилъати сафед ба бар карда буд, рухсат дод…
Марди бо ҷаҳони фонӣ падрудгуфта парӯ мехобид ва дар тан шиму костюми хокистарранги нимдошт ва дар пояш мӯзаи латтагин дошт. Мавлонов ўро бодиққат аз назар гузаронида гуфт, ки дар тахтапушташ сӯрохие дида ки он ба сӯрохии аз зарби тир гирифта монанд аст.

пешина
аз 513
навбатӣ