Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Сипас, ў мақтулро чаппа гардонда ба пушт хобонид. Ҳамаи ҳозирин ҷойи баромади тирро дар пушташ ва хуни зиёдеро дар либосҳои мақтул мушоҳида намуданд. Мавлонов ҳамаи бадани мақтулро муоина намуда, ҳолати корро шарҳ дод.
Самадов аз рўи гуфтаҳои ташхисгари тиббӣ протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодисаро тартиб дод. Ёвари Мавлонов - духтари лоғарандоми хилъати сафедпӯше суханони устодашро ба блокноте қайд менамуд. Аз ҳамаи иштирокчиён ҳамон бону ба омўзиши ҷасади мақтул таваҷҷуҳи бештаре дошт.
“Маълум ки донишҷўст,” – аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид.
Мақтул марди тахминан сию панҷ - чилсоларо мемонд, ду дандони болояш аз тарафи рост, аз ҷумла як дандони ашкаш аз фулузи зард буд. Маҳз ҳамин дандонҳои сунъӣ, ки шояд замоне аз рўи ҳавою ҳавас шинонда буд, имрўз ягона нишонае буданд, ки метавонистанд дар дарёфти номи соҳиби дандон хизмат намоянд, ҳамчун ҳуҷҷат ба мисоли нишонаи махсус дар ҳуҷҷатҳои тафтишот сабт ёфт.
Дар ҳузури холисон нақши ангуштони мақтул ба дактилокарта гирифта шуд ва Шодии Лоиқ ҳеҷ нафаҳмид, ки ин рафтори кормандони милиса чӣ натиҷа медиҳад ва нақши ангуштони марде, ки бо дунёи рӯшан хайрбод гуфтааст, ба кӣ лозим шудааст.
Мавлонов хулосаи аввалини хешро баровард, ки мақтул дар байни соатҳои 1 - 3 шаби 23 август тавассути яроқи оташфишон дар ҳамин мавзеъ ба қатл расонда шудаст. Дар натиҷаи ҷустуҷўиҳои зиёд Сорбони Ҳомид аз байни алафҳо тахминан дар масофаи даҳ метр дуртар аз мақтул гилзаи холии қутраш 5,45мм - ро ёфта онро бо эҳтиёти зиёде бардошта, ба дохили халтачаи селофани ҷо намуда, бо имзои холисон маҳкам карда, ҳамчун далели шайъӣ ба протоколи азназаргузарони ҷойи ҳодиса ҳамроҳ намуд.
– Дигар аз ҳамаи ин ҷустуҷўйҳо чӣ суд? – ниҳоят пурсид роҳбалад.
– Номи нек аз зиндаҳо дида, ба мурдагон заруртар аст,– гуфт Сорбони Ҳомид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё